Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Табассум аз чеҳрааш гурехт. Якбора бозиро бас карда, қаҳромез сўи хоҳараш нигарист. Шаддаи марҷони асилро, ки аз гардан намегирифт, кушода ба гардани хоҳараш бастанӣ шуд.
Нишона худро қафо кашид, доира аз дасташ афтод…
Нишона рад мекарду Майса исрор. Онҳо ба ҳам даровехтанд. Хоҳар боз шаддаро ба гардани апааш овехтанӣ шуд. Шадда гусаст. Марҷонҳои арғувонӣ рўи хок пош хўрданд…» (1, 5).
Куртаи кабуди хоҳар, хандаи сарду ваҳмангези ў, шаддаи марҷони гусаста ҳама аз он дарак медиҳанд, ки воқеаҳои минбаъда нохуш хоҳанд буд.
Нависанда хобро чун тимсоли пешгўӣ ва хабаре аз ғайб ба кор мебарад. Ҳамин гуна вазифаро, яъне, пешгўии нохушро гурбаи сиёҳ низ дар охири асар ба дўш дорад. Гурбаи сиёҳ рамзи марг аст, ки Нишонаро пайгирӣ мекунад ва бо роҳи охирин то ба қабри Шайтон мебарад.
«Дар хамгашти роҳ гўё аз таги замин гурбаи сиёҳе пайдо шуда, «мияв», «мияв», - гўён худро шиносонду ҳамроҳаш, баробараш равон шуд. Духтар истод, гурба низ қарор гирифт.
Равон шуд, гурба низ равон шуд. Сангеро гирифта сўи ҷонвар афканд. Гурба даме нопадид шуд. Духтар роҳи худро давом медоду ҳис кард, ки танҳо нест. Гурбаи сиёҳ аз тарафи дигараш равон буд. Дигар сўи гурбаи сиёҳ санг напартофт. Магар санги одам ба ҷисми аҷал кора мекунад? Духтару гурба баробар ба девор часпиданд. Гурба гўё вакили «Қабри Шайтон»
бошад, пеш гузашт. Роҳи қабр ин бор он қадар наздик буд, ки чӣ гуна то ин даҳони сиёҳ расиданашро нафаҳмид. Мекўшид аз гурба, ки майсаҳоро ба ду тараф хам карда пешопешаш роҳ мерафт, қафо намонад. Гурба то даҳони сиёҳи «Қабри шайтон» Нишонаро ҳамроҳӣ карда чуноне ки пайдо шуда буд, ҳамчунон нопадид гашт» (1, 312-313).
Дар радифи боварҳо ва муқаддасоти мардумӣ китоб низ қарор дорад, ки ин нуктаро Гулрухсор хеле бомаҳорат истифода бурдааст. Ба ин васила нигоранда ба ҷаҳони маънавии халқи тоҷик, ки бо китоб тарбия ёфтааст ва онро чун ганҷи бебаҳо аз насл ба насле ба ёдгор гузоштаву ҳифз мекунад, ишора менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор