Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Давре дар ин тоқи баланд сарвати бебаҳои хонавода – китобҳои муқаддасро нигоҳ медоштанд. Китобҳо ба бадали ним ҷувол орд ба савдо рафтанду, ба қавли модар, «ин хонаро рўҳу арвоҳи балогардон тарк кард» (1, 6).
«Аз рўзе, ки китобҳо ба савдо рафтанд, модар қарорашро гум кард. Чашми чапаш мепариду мепарид» (1, 7).
Хотироти талхи Хайрия дар бораи падари китобдўсташ, ки як ҷувол китобашро ҷоҳилон ба коми оташ доданд, низ марҳалаеро аз бунёдсўзии халқи тоҷик дар замони шўравӣ ба ёд меорад.
Дар охири роман Нишона пеш аз худкушӣ ба ивази марҷони қиматбаҳои хоҳар китоби арабиеро, ки аввалу охир надошт ва савдогаре онро барои носфурўшӣ дар таги халтаи худ оварда буд, харидорӣ мекунад.
Китоб харидан ва онро чун тўмори балогардон дар тоқи баланди хона нигоҳ доштан хоси хонаводаҳои тоҷикон буд ва аз оғози асар то поёни он гўё ду сари ресмон бар ҳамин рамз қарор дорад.
Иллати сар задани тамоми бадбахтиҳо низ гўиё беэҳтиромӣ ба китоб, болои он по гузоштан, сўхтан ё фурўхтан мебошад. Китоб харидани Нишона рамзи идомаи зиндагист, ки баъди ҳалокати ў Алам давом медиҳад.
Ҳамин тариқ, романи «Занони Сабзбаҳор» зиндагиномаи занони як деҳаи дурдасти кўҳистонро дар айёми имтиҳони тақдир ва санҷишҳои сахти одамигариву имон ва виҷдону инсоф пешорўи мо боз мекунад. Роман маҷмўи тақдирҳои садранги инсонӣ, ҷамъи характерҳои миллӣ, анвои расму оин ва суннату маросимҳои мардумӣ, намунаҳои хеле ҷолиби зарбулмасалу мақол ва шеъру таронаҳо, дуоҳои неку бад, таъбиру ибороти рехта, панду ҳикматҳои тоҷикӣ аст. Бо вуҷуди он ки асар бо фоҷиаи персонажи асосӣ Нишона поён мепазирад ва дар фосилаи замонии он чанд фоҷиаи дигар, аз ҷумла марги чанд тан аскарбачаҳои ҷанги Гирмон, Саид Алӣ, кампири Марҷон, марги муфоҷои Тош ва ғайра рўй медиҳад, дар маҷмўъ, вақте ки саҳифаи охирини китоб пўшида мешавад, хонандаро эҳсоси яклухтии зиндагӣ бо тазодҳои ҳамешагии ҳаёту мамот, гиряву ханда, мотаму тўй фаро мегирад.

пешина
аз 500
навбатӣ