Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳусни асар низ дар таъмини чунин ягонагист.
«Занони Сабзбаҳор» дар жанри роман таълиф шудааст ва вежагиҳои ин навъи ҳамосаро соҳиб аст. Он дар заминаи воқеаи муҳими таърихӣ ба қалам омада, масоили ахлоқу маишат, вазъи иҷтимоиву иқтисодии замон, қисмати гуногунранги мардумро фаро гирифтааст. Сужети серпаҳлў ва мураккаб, зиддияти оштинопазир миёни қувваҳои некиву бадӣ, образу характерҳои пуробуранг ва мукаммал, тарзи устухонбандии махсус бо кўмаки тасвирҳо ва нақлҳои ретроспективӣ бунёди ҳамосавии ин асарро ташкил додаанд.
Дар муқоиса бо ин роман «Зан ва ҷанг» аз лиҳози жанри адабӣ асари ғайримаъмулист. Ҳарчанд ки баъзе муҳаққиқон онро роман, бархи дигар қисса номидаанд, ин асарро наметавон ба ягон жанри маъмулӣ марбут донист.
«Зан ва ҷанг» асарест бесобиқа дар адабиёти мо.
Чунин бешабеҳӣ мўҷиби сар задани якчанд савол мешавад. Нахуст, оё асари мазкур бадеӣ аст ё мустанад? Жанри асарро чӣ гуна метавон муайян кард? Аз лиҳози сабки нигориш, тарҳрезии мавод ва устухонбандиву сужасозӣ чӣ ибтикороте дар он ба зуҳур омадааст?
Ба суоли аввал худи Гулрухсор посух гуфта, ки китоби «Зан ва ҷанг» гуфтугў, дарди дил, нолишу ниёиши инсонӣ, хоса бонувони тоҷику тоҷикистонӣ, ин шоҳидон ва шаҳидони ҷанги шаҳрвандист, ки худ бидуни ихтиёру интизор тагсўзи оташаш буданд.
Аз забони шоҳидон ва шаҳидони ҷанг овардани достони даҳшату ваҳшати ин фоҷиа, ҳукми занонаи ҷанг аст... Дар ин асар миллату мазҳаб, ному насаб, макону маҳал, касбу пешаи шоҳидон, шаҳидон ва қотилон бо сабаби гуногун, – бо хоҳиши зиндаҳо, ба поси хотири мурдаҳо мустаор омадааст» (2).
Аз ҷониби дигар фоҷеаҳое, ки дар асар тасвир ёфтаанд, бофтаи тахайюли адиб нестанд:
– зане, ки дар ғарибӣ мурдааст ва акнун рўҳи нооромаш ҳамарўза ба ҷустуҷўи ватан меояд;
– зане, ки ҳамаи писаронаш қурбони ҷанги бародаркуш

пешина
аз 500
навбатӣ