Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

шудаанд;
– зане, ки сутунҳои хонаашро ба ҷои писаронаш ба оғўш гирифта мегиряд;
– зане, ки аз ҷониби силоҳдорон таҷовуз шудааст;
– зане, ки тифлашро наҷот дода натавонистааст ва якумр азоби рўҳӣ дорад;
– зане, ки аз ноилоҷӣ фоҳиша шудааст ва садҳо қиссаҳои дигари ҷонсўз аз тақдири занони тоҷик, ки рўзҳои шуми ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидаанд, сужети онро ташкил додаанд.
Дар китоби «Зан ва ҷанг» нигоранда аз таърихи зиндаи тоҷикон, ҷароҳатҳои хуншорашон ва захмҳои бозашон, ки ҳанўз ба ҳам наомадааст, ёд мекунад. Аз ин лиҳоз ин асар асари таърихист.
Муаллиф дар миёни ин кашокашҳои хунбор қарор дошта ва марги муфоҷои ҳазорон нафарро бо чашми худ дида ва гоҳе худогоҳонаву гоҳе беихтиёр дар ин ҷанг ширкат доштааст. Биноан, асари мазкурро метавон мустанад ва ё ҳуҷҷатӣ номид, зеро бунёди он бар дидаву шунидаҳои нависанда, бар асноди мустанади воқеӣ қарор гирифтааст. «Муаллиф, ки худ низ шоҳид ва шаҳиди ночори ин фоҷиаи башарист, дар баёни даҳшату ваҳшати он доварӣ, гузашта аз он ҳукмгузориро ба худ иҷоза надодааст, зеро сидқан бар он аст, ки иштирокчиёни ночори ин сангари бидуни ғолиб, дар маҷмўъ ҳама қурбониёнанд, қурбониёни арзони сиёсат» (2, 18).
Дар асар Гулрухсор саъй намудааст, ки нақши хунин ва даҳшатбори ҷангро дар қисмати занон нишон диҳад. «Зан ва ҷанг» кўшишест барои муайян кардани сабабҳо ва сабақҳои ҷанг. Андешаҳои муаллиф перомуни ҷанг ҷо-ҷо ин асарро тамоюли фалсафӣ бахшидаанд, фоҷиаи тоҷикон аз дидгоҳи дигарон – раванди таҳқиқӣ ва пораҳои ашъори ҷангномавӣ – тарҳе шоирона доранд, номаҳои пурсўз ва ҳикоятҳои қурбониён навъе рознома ва нақли воқеаҳои даҳшатбар – қиссаҳои талхи зиндагӣ ҳастанд.
Ҳамин тариқ, дар як асар таъриху фалсафа, қиссаву воқеият, розномаву шеър, саргузашту маълумоти оморӣ ба ҳам печида омадаанд ва аз ин лиҳоз жанри онро омехтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор