Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳадафи худро аз офаридани асар Гулрухсор чунин муайян кардааст :
«Ҳадаф аз овардани нақли ҷонкоҳи шоҳидон на ба хотири сабақандўзӣ, балки ба узру тавба кашидани онҳоест, ки бо баҳонаи ақидаеву ҳадафи ночизе дар сурати одамӣ даррандагӣ карданд» (2, 19).
Манзури муаллиф тавассути сарнавиштҳои пурдарди фоҷиазадагон куштани ҳисси ҷангхоҳиву ҷангҷўӣ дар тинати инсонҳост.
Асари Гулрухсор дар рўзгоре офарида шуд, ки ғубори ҷанг ҳанўз таҳнишин нашуда ва гоҳу ногоҳ тири нохалаф дили бародареро мешикофт. Туфанги ҷанг синаҳои ҷавонмардони асилро нишон мегирифт, аммо ҷигарҳои модарону хоҳарон, ҳамсарону дилбарон ва фарзандону пайвандони онҳоро сўрох мекард. Нигоранда ба хубӣ дарк карда, ки ин ҷанги нанговар боистӣ ҳарчи зудтар аз ёдҳои мо биравад, «аммо ҷангро ба зиндони фаромўшӣ афкандан, сабақашро надида гирифтан, нақшашро аз хотири хотира тарошидан низ хиёнат аст, хиёнат ба рўҳи поки шаҳидони бегуноҳ» (2, 24).
Таълифи чунин асар дар замоне, ки дар гўри шаҳидон ҳанўз сабза наруста ва шоҳидон ҳанўз аз он даҳшати тасаввурнопазир моту мабҳутанд, бешак, кори сангин буд. Агар нигоранда бо усули маъмулӣ қиссаи ҷанги бародаркушро бозгўӣ мекард, шояд тақдири танҳо якчанд нафар дар меҳвари сужа қарор мегирифт.
Аммо дар асари Гулрухсор фоҷиаи мардум дар тамоми гўшаву канорҳои Тоҷикистон – Душанбеву Хуҷанду Кўлоб, Қаротегин, Ғарму Кофарниҳон, Рашту водии Вахш, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон дар мадди назар аст. Гузашта аз ин, дарди дили фалокатзадагон аз гўшаҳои мухталифи ҷаҳон:
Санкт-Петербургу Маскав, Машҳаду Теҳрон, Алма-Атову Ўш ва марказҳои дигар то гўши муаллиф ва тавассути қалами ў то қалбҳои мо расидааст. Ҳадаф аз чунин вусъати макон таъкиди он нукта аст, ки тири ҷанг то манотиқи дуртарини ҷаҳон расида ва манзури муаллиф аз интиқоли андешаҳои фардиву афкори мардуми ҷаҳон, розномаҳои шоҳидону ашъори шоирон ифшои фоҷиаи миллат аз дидгоҳҳои мухталиф бо тарзу усули гуногун аст.

пешина
аз 500
навбатӣ