Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Марду зан, пиру барно, тоҷику рус ва қирғизу тотор ҳама ҷанги бародаркушии тоҷиконро маҳкум мекунанд ва камоли беақливу бенангӣ меҳисобанд.
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг Наояд, агар бошадаш ному нанг.
Ин ҳикмати Фирдавсии бузург, мутаассифона, дар замони мо коргар нашуд ва ҷанг ҳазорон нафарро ихтиёриву зўран ба коми худ кашид ва аз як гурўҳ ҷаллоду қотил ва аз гурўҳи дигар шоҳиду шаҳид сохт. Муаллиф бештар гурўҳи дувум – яъне, шоҳидону шаҳидонро ба сухан даровардааст ва танҳо як маротиба руҷўи як нафар қумандонро манзур намудааст, ки низ бозие дар дасти сиёсат будааст.
Дар китоб ҷамъулҷамъ беш аз 80 лавҳа нигоришот ворид шудаанд, ки аз он миён 14 барг андешаҳои муаллиф, 15 пораи манзум баргузида аз китобҳои мухталифи шоира, 24 хотираи иштирокдорони ҷанг, 9 пора нақли нигоранда аз мусибати мардум, 9 номаи шаҳидони ҷанг, 9 иқтибос аз гуфтори хориҷиён дар бораи тоҷикон ва якчанд пораҳои манзум аз дафтари бонуи фирорӣ – ин ҳама бидуни низоми муайяне ҷойгузин гаштаанд. Ҳар навъе аз ин навиштаҷот усули хоси худро дорост.
Дар нигоришоти муаллиф маълумоти оморӣ роҷеъ ба шумораи ҷангҳои ҷаҳон, мулоҳизаҳо перомуни истиқлол, андешаҳо оид ба фоҷиаи тоҷикон ва сабабу оқибатҳои он, хусусиятҳои ҷанги тоҷикон, бардоштҳо роҷеъ ба миллати тоҷик ҷой дода шудаанд. Ҳамаи ин андешаҳои парокандаро «фоҷиаи тоҷикон аз нигоҳи муаллиф» метавон унвон дод. Ҳар барги андеша аз ду-се ҷумла иборат буда, бардоштҳои фалсафии нигорандаро аз ин фоҷиа тавсиф мекунад:
«Фоҷиаи тоҷик аз нафаҳмидани фалсафаи истиқлол, аз бехирадии пешвоён, аз бечароғии раҳнамоён, аз шабкўрии чароғдорон, аз раҳнамои оқилу одил маҳрум будани озодихоҳон сар зада, як насли нурофару як Ватани зеборо ба хоку хун кашид...» (2, 10).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор