Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба андешаи муаллиф, фоҷиаи тоҷикон аз нафаҳмидани моҳияти истиқлол сар зад, зеро халқ ба қадри истиқлоли муфту маҷҷонӣ расида натавонист ва заҳмати рўҳу ҷони худро ба дифои он сарф накард.
«Истиқлол монанди ҳама мафҳумҳои ҳаммаънии ҳаёту мамот заҳмати пайваставу ҳамешагии фазлу хирад, рўҳу ҷон, ишқу ормонро хостор аст. Истиқлол монанди соғари булўриест, ки онро дар тоқи аз ҳама болои ҳушёрӣ ва эҳтиёт нигоҳ бояд дошт!» (2, 74).
Дар ин навъи нигоришот услуби қавии илмӣ, ки ҷо-ҷо бо сабки шоиронаву бадеӣ омезиш ёфтааст, риоя шудааст. Истифодаи тавсифҳои сертобиш, ташбеҳҳои мухталиф, санъати саҷъ ва ғайра бадеияти гуфтори нависандаро таъмин намудаанд.
«Фоҷиаи тоҷикон, ки дар поёни қарни ХХ ба вуқўъ пайваст, баъди аз даст рафтани салтанати Сомониён пурхунтарин, даҳшатноктарин ва печидатарин фоҷиаи миллист» (2).
Ин ҷо тасвирҳои «пурхунтарин», «даҳшатноктарин»ва «печидатарин», ки дар шарҳи вожаи «фоҷиа» ба кор рафтаанд, дар воқеъ бамаврид ва дар ҷои худ омадаанд.
Ҷои дигар муаллиф мегўяд:
«Ҷангҳои олам аксар хулосаи бемантиқи ақидаҳои мухолифанд. Хулосаи хунини ақидаҳои ҳазённамову носозгоре, ки дар тангнои ҳастӣ бо ҳақиқат сарбасар зада, сабабгори қатли ом ва худкушии беҳадафу бехудонаи милёнҳо хоҳанд шуд» (88).
Аз назари муаллиф ҷанг натиҷаи зиддияти ақидаҳост.
Аммо ин ақидаҳо солим нестанд, онҳо «ҳазённамову носозгоранд», бинобар ин, «хулосаи хушк, худкушии беҳадафу бехудона ва қатли ом» эҷод мекунанд. Гоҳе муаллиф оҷизии худро дар тасвиру таҳлили воқеоти ҷанг эҳсос мекунад ва ба натиҷае мерасад, ки «фоҷиаи тоҷик дар оянда Софоклҳо, Фирдавсиҳо, Шекспирҳои худро рўи саҳнаи адабиёту ҳунар хоҳад овард, зеро шоҳидони ночору бечораи ин даҳшату ваҳшати ақлрабо ба шарҳу баён, доварӣ ва тасвиру таҳлили он қудрат надоранд» (2, 84).
Паи ҳам чида шудани муайянкунандаву пуркунандаҳо:
«шоҳидони ночору бечора», «даҳшату ваҳшати ақлрабо», «шарҳу баён, доварӣ ва тасвиру таҳлил» бори маънавии ҷумларо таъмин намуда, ба забони ин гуфтор таровати махсус бахшидаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ