Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Гоҳе нависанда аз паи мазмун рафта, такрори калимотро дар ҷумла пай намебарад: «Шояд баъди сипарӣ гаштани садсолаҳо оламу одам ба дарки он бирасад, сабабу оқибаташро холисонаву доварона таҳлилу таҳқиқ бикунад, ба дарки бераҳмии чашмнодиду гўшношуниди бародар алайҳи бародар бирасад». Ин ҷо ибораи «ба дарки чизе расидан» ду карат омадааст. Дар мавриди дигар ба хотири пайгирии назокати сухан ихтилоле дар мантиқи фикр ба вуҷуд омадааст:
«Агар зодани як инсон сад соли заҳмати хунини аҷдодро дар бар бикунад, тавлиди як насли баркамоли донову тавоно чанд қарнро мехоҳад» (2, 76).
Пайдост, ки ин ҷо нигоранда матлаберо роҷеъ ба душвории тарбияи насли шоиста пайгирӣ мекунад, аммо кўшиши либоси фалсафа пўшонидан ба фикр мағзи андешаро аз назар пинҳон кардааст.
Дар ҷангномаҳои манзуми Гулрухсор, ки пораҳои он дар китоби мазкур интиқол шудаанд, андешаҳои ҳузнолуди шоир роҷеъ ба ҷанги даҳшатбар ифода ёфтаанд. Дар саргаҳи ин ашъор ба сифати эпиграфи китоб абёти Рўдакӣ перомуни он, ки як куштор куштори дигареро эҷод мекунад, бо зикри он маънӣ, ки дар ин ҷаҳони гирдгардон ҳар кӣ ба куштан даст олуд, ногузир кушта хоҳад шуд, оварда шудааст:
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода, Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт, Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор, То боз кӣ ўро бикушад, он ки туро кушт?!...
Дар нахустин шеъри китоб «Ман зи сангар омадам»
шоир аз ваҳшати фоҷиаи Рустами фарзандкушта ва Таҳминаи фарзандбохта ёд мекунад. Ў сангари имрўзиро идомаи аъмоли зишти деви ваҳшат меҳисобад, ки миллати хуршедро, ҷавониву ишқро дар хун ғарқ кардааст.
Аммо ин сангар ғолиб надорад, зеро «довари таърих, «ғолибаш»-ро ғосибу мағлуб бишносад».
Дар фарҷоми суханаш дар саҳифаи охирини китоб шоир дигарбора аз сангари хунбору Рустами фарзандбезор ёд мекунад ва бо камоли қатъият аз номи худ ва кулли модарони тоҷик, ки фоҷиаи даҳшатбори умми бузургашон Таҳминаро бархе аз сар гузаронидаанд, мегўяд: «Ман дигар Сўҳроби қурбонӣ надорам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор