Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аз нигоҳи шоира марги Сўҳроб хунбаҳоест барои зиндадории фарри Ориёно, барои ҳифзи модарону дилбарон дар набарди сангарҳои хунфишон.
Дар шеъри дигар «Субҳи нав чун қосиди нуру зиё, нурофарин умед мехоҳад…» Гулрухсор зиндагии айёми ҷангро ба зулмати беканора ташбеҳ медиҳад ва аз зиндагие сухан мегўяд, ки аз коми аждар гузашта, имрўз «аз замини осмонҳо боз як хуршед мехоҳад». Тибқи афсона аждар хуршедро ба коми худ кашида ва оламро ба зулматкадаву торикистон табдил додаву зиндагиро кушта буд. Шоир ҳамин образи маъмулиро тобиши дигар медиҳад, ў зиндагиро аз коми аждаҳо мегузаронад ва «аз замини осмонҳо» барои зиндагӣ хуршеди дигар илтиҷо дорад. Ибораи «замини осмонҳо» домани андешаи моро ба дур мекашад ва ба ёд абёти Мавлоноро меорад, ки гуфта буд:
«Замин - зан, осмон - шў…»
Аз назари Гулрухсор осмон соҳиби замин аст ва чун замин хосияти зояндагӣ дорад, як хуршеди нав хостан аз замини осмон таркиби дурусти шоирона аст.
Вақте дар охири шеър нигоранда мегўяд, ки:
«Шамъ дар каф,
Тавба бар лаб омадам,
Ман барои куштани шаб омадам! – саволе бармеояд, ки зери вожаи «ман» шоир чӣ мафҳумеро ғунҷонидааст. Аз мисраи охирин пайдост, ки барои куштани шаб маъмулан субҳ меояд. Аммо азбаски «субҳ» тавба бар лаб ва шамъ дар каф намеояд, ба маҷозӣ будани ин гуфтор итминон меорем ва субҳро дар сурати зане тасаввур мекунем, ки барои зулматафрўзиву зиндагикушии фарзандону шавҳарон каломи узру тавба ба лаб дорад. Ва ин зан тимсоли модари миллат аст, ки барои ин миллати раҳгумзада ва хуршедбохта дигарбора равшанӣ орзу дорад.
Баъзе шеърҳо ва номаҳоро муаллиф мукарраран дар китоб ҷой додааст, ки гумон меравад, ба хотири таъкиди нукоти муҳимтарин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор