Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Масалан, дар шеъри «Дард таҳқир аст»
шоир худро сайд меномад ва аз сайёд илтиҷо дорад, ки парҳои ўро ба нармӣ биканад, зеро дард таҳқир аст. Аммо захме, ки қаҳрамони ғиноӣ дорад, захми оддии ҷисм нест, он дарди сўзонест, ки аз марги шоҳини тирхўрда падид омадааст.
Як мисраи Ҳофиз «Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро» дарунмояи шеъри дигари ин китобро шарҳ медиҳад.
Мазмуни шеър ин аст, ки лаҳзаи қасос модар «ба назди қотилони сифлаву номарди худ» нону намак мегузорад. Нону намак гузоштан – даъват ба сулҳу оштист ва оне ки бар ивази марги пайвандон ба қотилон сулҳ пешниҳод мекунад, дигар дар пайи осудагии башар аст, на таскини дили ниқорситони хеш.
Дар маҷмўъ, сухани Гулрухсор гуфтори пурбору андешазоест, ки аз паси ҳар фикр хонанда андешаҳои ногуфтаи муаллифро дарк мекунад ва як қисми ин гуфторро чун шеъри мансур мепазирад. Бархе аз ин гуфтор ба ҳикматҳои шоирона шабеҳанд:
«Занон саркардагону оташдиҳандагон ва иштирокчиёни ҷанг набуданд, балки ҷанг дар сарнавишти онҳо ширкат кард.
Занҳо зинҳор ба ҷанг нагаравиданд, балки ҷанг бо онон гаравид ва киштаи орзуву умедашонро бо доси тези худ бераҳмона даравид».
Ташхиси «ҷанг дар сарнавишти зан ширкат кард», саҷъҳои «гаравид» ва «даравид», маҷози «ҷанг киштаи орзуву умедашонро бо доси тези худ даравид» ва амсоли ин саноеи бадеӣ забони асарро тобишу тамоюли шоирона бахшидаанд. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо тартиби ҷойгузинии аъзоҳо риоя нашудаанд, низ дар таъмини шеърияти сухан хизмат кардаанд:
«Ҳар кадомро аз ин сангари бераҳмӣ як мушт оҳу армон монду як қисмат хотира. Ва ин хотира бидуни ихтиёри шоҳидону шаҳидони ин сангари ваҳшат дар мармари ҳастӣ ҳаккокӣ шуд, хотираи шодикушу ғампарваре бо номи ҷанги шаҳрвандӣ» (2).
Ба ҷуз тағйири низоми муқаррарӣ дар ҷумлабандӣ вежагии дигаре, ки дар сабки нигориши Гулрухсор зиёд ба мушоҳида мерасад, омезиши вожаҳои бепайванд андар якдигар аст, чунончи, «як мушт оҳу армон» ва «як қисмат хотира».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор