Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар баробари равнақи театр ташаккули нақди он низ дар саҳифаҳои ёддоштҳо ба мушоҳида меояд. Омўзгорони он рўзгор ҷавони Институти педагогӣ Юсуфҷон Салимов, Атахон Сайфуллоев, Абдуллоҷон Сатторов, Фарҳод Зикриёев, Шукур Султонов ва дигарон на танҳо гаштаву баргашта асарҳои саҳнавиро тамошо мекарданд, балки тавассути воситаҳои ахбори омма андешаҳои худро низ ба қалам меоварданд.
Ҳамин тариқ, кинову театр, мусиқиву суруд, рақсу балет, адабиёти бадеиву илмӣ, варзиш ва ғайра аз он масоиле ҳастанд, ки нависанда бо камоли рағбат таҳаввули онҳоро дар замони худ ва аз чашмандози худ мушоҳида мекунад ва дар ҷараёни онҳо худаш низ фаъолона ширкат менамояд.
Дар иртибот бо он матолибе, ки арз шуд, яке аз ҷолибтарин фаслҳои китоб тасвири сафари вакилони Тоҷикистон дар доираи даҳаи Рўзҳои маданияти Тоҷикистон ба Испания мебошад. Дар ин сафари даҳрўза, ки сарварии ҳайатро нависандаи китоб бар ўҳда дошт, сухан на танҳо дар бораи шаҳрҳои зебои Испания ва ҷузъиёти хотирмони сафар, балки ҳунарнамоии ансамбли пуровозаи рақсии «Зебо» низ рафтааст. Чунин ба назар мерасад, ки нигоранда мафтуну маҷзуби ҳунари нотакрори раққосаҳои ансамбл аст ва ҳини инъикоси фаъолияту маҳбубияти он қаламаш хеле қавиву буррост. Фикр мекунед, ки нависандаи баркамоле саҳнаи ҳунарро тасвир мекунад ё манзаранигориву чеҳрапардозӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки симои ровиро ҳамчун шаҳрванди фаъоли кишвар, ки барояш масоили сиёсату иқтисодиёт, таъриху фарҳанг, мусиқиву театр, адабиёту ҳунар хеле муҳим ҳастанд, тасаввур мекунем. Ў воқеан ҳам дар зиндагӣ тамошобин нест, балки иштирокчии фаъоли тамоми воқеоти муҳими замон аст ва дар бораи аксари масъалаҳои замон андешаҳои худро дар рўзномаҳо ба унвони мақолаву тақризҳо ба қалам додааст. Аксари он мақолот бо вуҷуди гузаштани солҳо (аз таълифи баъзеи онҳо беш аз
50 сол сипарӣ шудааст) то имрўз аҳамияти худро гум накардааст.
Муаллиф барои нишон додани рўҳи он замон ва сатҳи мақолоти рўзномаҳо баъзе таълифоти худро дар «Ёддоштҳо» пурра иқтибос овардааст. Масалан, мақолаҳои «Баъзе масъалаҳои санъати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор