Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

мусиқӣ», «Анъанаҳои миллӣ ва хурофоти динӣ», «Интеллигент
– на фақат одами дипломдор» ва ғайра аз ҳамин қабил ҳастанд.
Ин ҷо аз як масъалае, ки ба гуфтори фавқ иртибот дорад, яъне, сифати рўзномаҳо ва вазъи журналистика низ метавон чанд сухан гуфт. Муаллиф матбуоти дирўзу имрўзро муқоиса намуда, ба рағми он муҳаққиқоне, ки аз вуҷуд надоштани озодии сухан дар матбуоти давраи шўравӣ сухан рондаанд, назари дигарро пеш меорад: «Сухан дар бораи мақоми иттилоот ва хабарнигорон дар ҷомеа меравад, ки дар ин хусус камина борҳо дар саҳифаҳои матбуот изҳори ақида намудаам. Аз ибтидои маъракаи шум ва ҳангоматалабонаи ба ном «бозсозӣ», ки он барои ашхоси демократимаоб як нав «инқилоб» ба шумор мераваду кулли ҷомеа онро ибтидои табаддулоти аксулинқилобӣ мешуморанд, баъзе ҷанобони горбачёву елсинпараст худро «равшанфикр» эълом намуда, дар ҳаққи одамони замони шўравӣ, бархилофи воқеияти таърихӣ, аз рўи ғараз носазо ҳарф мезананд, сафедро сиёҳ, бузургро зарра маънидод менамоянд ва ҳамин ки сухан аз боби матбуот рафт, онро орӣ аз ҳар навъ зуҳуроти озодӣ ва демократия арзёбӣ менамоянд». Нависанда дар мисоли осори худ, ки дар матбуоти замони шўравӣ чоп шудааст, ақидаи мухолифони худро инкор намуда, дуруст будани мавқеи идеологияи он рўзгорро таъкид менамояд: «Камина дар он даҳсолаҳо дар баргузидани мавзўъ ва тарзи баёни маводи мухталиф мисли дигарон комилан соҳибихтиёр будам. Мақолаҳоям ба сензура эҳтиёҷ надоштанд.
Аз таблиғи куштор, сўхтор, роҳзанӣ, майпарастӣ, фаҳш, шаҳвоният, ки имрўз ҳамчун «секс» маъруф аст ва баъзе сохторҳои ВАО онро ҳамчун аслиҳаи дурзани идеологӣ истифода мебаранд, ҳазар мекардам. Айбу гуноҳи матбуоти шўравӣ дар он буд, ки ба чопи чунин мақолаҳои шўрангезу пуч ва ботил монеъ мешуд. Он гаҳ сензура амал мекард. Табиист ва мантиқист, ки ҳам дар матбуот ва ҳам дар нашриёт ба чопи маводи зиддишўравӣ қотеона роҳ дода намешуд. Дар он замон демократияе ҳукмрон буд, ки манфиатҳои одинаҳо, дохундаҳо ва мисли ман косибзодаҳоро ҳимоя менамуд».
Ҷузъе аз хотироти Ш. Султонов ба масоили маориф ва илм иртибот дорад. Фаъолияти муаллиф дар кафедраи таърих ва сипас таърихи ҳизби Донишкадаи омўзгории Ленинобод, ҳамкории ў дар матбуот ба сифати корманди ғайриштатӣ ва муқарризи бориксанҷ, воизӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, кор дар Пажўҳишгоҳи ҳизби коммунист, таълиф ва дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ – ин ҳама мактаби бузурги таҷриба ва омўзиши тазодҳои зиндагӣ, талошу мубориза барои ормонҳои олӣ буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор