Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин садоқат ба кор ва хидмати сарбаландона дар соҳаи маориф буд, ки ўро вазири таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таъйин карданд. Қиссаи таъйин шудан ба вазифа, оғози бозсозии горбачевӣ, садамаҳои иҷтимоӣ ва идеологӣ, мушкилоти мактабҳои олӣ аз саҳифаҳои пуртаъсири хотироти Ш. Султонов мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки дар сартосари «Ёддоштҳо» масъалаи тарбияи ҷавонон ва нақши омўзгорон дар ин раванд дар меҳвари андешаи муаллиф қарор гирифтааст, зеро нависандаи асар беш аз панҷоҳ соли фаъолияти меҳнатии худро ба кори омўзгорӣ бахшида, аз тамоми масоили ин соҳа огоҳии комил дорад. Инъикоси чеҳраҳои муаллимони мактаб, сифати дарсҳои устодони макотиби олӣ, тарзу усули тадрис дар макотиби ҷумҳурӣ, муносибати талабагон ва донишҷўёни давраи шўравӣ ба таҳсил ва муқоисаи он бо мушкилоти соҳаи маориф дар замони мо, норизоӣ аз баъзе падидаҳои номатлубе, ки имрўз дар маориф ба мушоҳида мерасад, танбаливу коҳилии баъзе ҷавонон дар таҳсил ва ғайраву ҳоказо аз масъалаҳое ҳастанд, ки муаллифро ба ташвиш овардаанд. Ҳини инъикоси чеҳраҳои устодони худ нигоранда ағлаб бо камоли эҳтиром ва эҳтирому ихлос дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот медиҳад. Вале, бояд гуфт, ки тасвирҳо дар «Ёддоштҳо» якранг нестанд. Муаллиф аз он тоифае нест, ки ҳамаро ба ранги гулобӣ бубинад ва ҳини тасвир фақат ҳарфи ситоиш бигўяд. Бо вуҷуди он ки бархе аз қаҳрамонони асар аз дунё гузаштаанд, барои нависанда муҳим аст, ки по аз ҳадди ростӣ ва адлу инсоф берун наниҳад. Гоҳе мешавад, ки ў хислатҳо ва рафтори ношоями баъзе аз ашхосро низ ба қалам оварда, барои худ сабақ бардоштааст. Чунончи, дар бораи яке аз муаллимонаш, ки дар замони ҷанг ҳар рўз бо либоси идона ба мактаб меомад ва дар назди ҳамсабақон ба либосу пойафзоли шогирдон ба чашми мазаммат нигариста, онҳоро таҳқир намуда буд, далеле ба гуфтори фавқ аст.

пешина
аз 500
навбатӣ