Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воқеаҳои феврали соли 1990, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва паёмадҳои хунини он – талхтарин лаҳзаҳои зиндагии муаллиф дар «Ёддоштҳо» бо тамоми эҳсос ва хеле муассир ба қалам омадаанд. Муаллиф аз тасвири манзараҳои мудҳиши он солҳо, инъикоси фаъолияти шахсиятҳо ва бесарусомониҳои он рўзгор гурез намекунад. Ў дар ҳар маврид назари инфиродии худро дорад, дар бархе мавридҳо назари ў ба идеологияи замон мувофиқ нест, вале ў мунофиқ будан намехоҳад ва наметавонад. Коммунист будан, ба андешаи ў, рост гуфтан ва ҳалол зистан аст, ки ҳамин шиори зиндагиро ў дар тамоми ҳаёт сарбаландона риоя кардааст. Аз паси сатрҳои ин китоб як нафар зиёии шўравиро мебинем, ки ҳама умр дар мутолиаву омўзиш, донишандўзӣ ва хидмати содиқона ба Ватан буда, муҳаббат ва иродати худро ба сохти шўравӣ аз тамоми кўчаҳои печидаи сарнавишт поку беолоиш берун овардааст.
Бо он ки имрўз замон дигар шуда ва назари ҷомеа низ тағйир ёфтааст, қаҳрамони асар инсони некбину ҷасур ва содиқ ба маслаки худ боқӣ мондааст. Ў маслакшикастагону дурўягон, фурўмоягону мансабхоҳон, маҳалгароёну миллатчиёнро чашми дидан надорад. Ҳарчи мегўяд, аз мушоҳидаи шахсӣ ва андешаву ормонҳои худи ў берун омадаанд. Бинобар ин, барои онҳое, ки аз воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва аввали асри ҳозир огоҳ шудан ва ба саволҳои «Киҳо ва чаро ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барангехтанд?», «Пош хўрдани Иттиҳоди шўравӣ чӣ оқибатҳое дошт?», «Таърих ва ашхоси таърихиро чӣ гуна аз рўи адолат бояд қазоват кард?» посух гирифтан мехоҳанд, фаслҳои қисмати поёнии китоб хеле судманд хоҳад буд. Хусусан, мусоҳиба бо рўзноманигор Абдумавлон Самеев, нутқ дар толори ДДҲБСТ ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати таҷлили ҷашни 80-солагии муаллиф ва хулосаҳои нигоранда хеле ҷолиб буда, аз ҷуръату вусъати назар ва садоқату хулуси ў ба маслаки пешгирифтааш дарак медиҳанд.
Чунин ба мушоҳида мерасад, ки нависанда вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии 80 соли охири кишвари шўравӣ, бахусус Тоҷикистонро бо тамоми бурду бохт ва пирўзиву шикастҳояш аз мағзи ҷону дил гузаронида, ба ҳар воқеаву ҳодиса ва ҳар инсоне, ки сарнавишт рў ба рў кардаву нақше дар хотири ў гузоштааст, баҳо медиҳад.

пешина
аз 500
навбатӣ