Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаббату нафрат, ихлосу нобоварӣ, эътиқоду дилшикастагӣ ва эҳсосҳои мухталифи дигар дар ҳар маврид шахсияти андешаманди муаллифро ба мо менамоёнад. Бинобар ин, «Ёддоштҳои зиёии шўравӣ» воқеан ҳам сарнавишти як зиёии асили шўравист, ки тамаллуқу чоплусӣ ва дурўғу риё барояш бегонаву манфуранд ва иродаву эътиқоду садоқати бегазандаш ба ормонҳои олии инсонӣ барои насли ҷавон басо пандомўз мебошанд.
Яке аз хусусиятҳои асар дар забони он ба мушоҳида мерасад. Ёддоштҳои Ш. М. Султонов бо забони фасеҳу сода ва омехта бо бадеият таълиф шудааст. Муаллиф зарбулмасалу мақолҳои халқиро дар забони асараш фаровон истифода бурдааст. Ба ғайр аз ин, азбаски як шахси хеле пурмутолиа аст, аз осори бузургони адаби форсу тоҷик баҳра ҷуста, ҷо-ҷо ба таълифоти нависандагони хориҷӣ низ рў овардааст ва аз гуфтори ин нобиғагон иқтибосҳо ва эпиграфҳо сабт намудааст. Чунончи, ҳар боби нави асар бо иқтибосе аз бузургон, ки моҳияти он бобро ифода мекунад, шурўъ мешавад. Дар лобалои асар низ хеле зиёд абёти шуарои маъруф ба сифати далелу санад ё тақвияти фикр истифода шудаанд. Ин навъи нигориш забони асарро боз ҳам пуробурангтар намуда, муаллифи онро на танҳо ба сифати як олими таърихнигор, балки ба унвони як нависандаи публитсист низ муаррифӣ мекунад. Гузашта аз ин, нависанда гоҳе аз лаҳчаи мардуми Хуҷанд низ ёдовар шуда, баъзе калимаву иборот ва мафҳумҳои роиҷ дар ин маҳалро шарҳ медиҳад. Аз забони асар бо вуҷуди риояи меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик нишонаҳое аз лаҳҷаи мардуми Хуҷандро дарёфтан мумкин аст. Ин ҷо гуфтан бамаврид аст, ки дар матни ёддоштҳо лавҳаҳое ба мушоҳида меоянд, ки бо тасвири табиат иртибот доранд. Дар пейзажнигорӣ муаллифро воқеан пайрави устод Айнӣ номидан мумкин аст, зеро маҳз дар тасвири табиат муаллиф қалби шоирона ва нигоҳи романтикии худро ба мазоҳири табиат ошкор менамояд. Чунончи, дар тасвири баҳор навиштааст: «Дар моҳҳои март-апрел дар ин доманаи фарохи кўҳӣ бойчечак ва лолаҳои қадпасти тиллоранг хеле бисёр мерўиданд.

пешина
аз 500
навбатӣ