Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар дар айёми баҳорон ба тарафи ҷануб ва шарқу ғарби он назар андозед, шумо манзараи зебо ва дилнишинеро медидед. Он сўи дарё тамоми ҳудуди шаҳр то сарҳади Рухак қолини бузурги гулобирангро мемонд. Анбўҳи долу дарахти шаҳр ва деҳаҳои он ба як гулчанбари бузург шабоҳат дошт. Табиати зебо ва нотакрори ин мавсим ва ин мавзеи паҳно, аз афташ, сабаб шудааст, ки ҳанўз дар замонҳои қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» номидаанд».
Ағлаби андешамандон ва донишварон бар он назаранд, ки танҳо инсонҳои пурдидаву пуртаҷриба, нафароне, ки умри пурбаракати худро дар роҳи хидмат ба мардум сарф кардаанд ва корномаҳое аз худ ба зуҳур овардаанд, ҳуқуқи маънавии навиштани ёддоштҳоро доранд. Муаллифи мо низ як нафарест, ки барояш ишқу имон, адолату шарофат, ростгўиву ростқавлӣ ва ҷавонмардӣ оин ва мароми зиндагиаш аст. Худи ў иқрор мешавад, ки «аз нахустин гомҳои зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ байни мардуми ҳар тоифа камина ихтиёран мавқеи мушаххаси шаҳрвандиро интихоб намуда будам. Табиист, ки дар арзи даҳсолаҳои тўлонӣ ҳамчун инсон ва зиёӣ ба ҳамон арзишҳои маънавии дар овони кўдакӣ ва ҷавонӣ андўхтаам вафодор мондам».
Мегўянд, ки фаъолият ва сарнавишти аксари инсонҳо ба номашон мувофиқ сурат мегирад. Гўё як навъ калиди рамзие дар номи инсон ниҳон аст. Шояд бо назардошти ҳамин матлаб мо маъмулан саъй мекунем, ки ба фарзандонамон беҳтарин номҳоро гузорем. Шукур Султонов низ ба номашон шоиста ҳастанд ва ин маъниро аз гуфтаҳои худашон низ дарёфта метавонем: «Дар зиндагии бардавом сарвате ҷамъ накардаам, вале худро султон мешуморам. Ҳаққи мардумро нахўрдаам, ба чашми касе боре ҳам хок напошидаам. Кору борам ҳамеша ба номам созгору мувофиқ буд». Воқеан дар паси сатрҳои ин китоб як нафари аз назари маънавӣ хеле қудратманд ва аз назари инсонӣ шокиру боимон қомат меафрозад. Орзу мекунем, ки зиндагии ин марди хирадманду соҳибфазл, адиб ва муаррихи тавоно идомаи равшану пурсаодат дошта бошад.
Соли 2014

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор