Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ЁДНОМА
ДОНОИ РОЗ
Суруди рафта боз ояд, ки н-ояд, Насиме аз Ҳиҷоз ояд, ки н-ояд.
Сар омад рўзгори ин фақирс,
Дигар донои роз ояд, ки н-ояд.
Аз ашъори шуаро мо одатан байтҳоеро бештар мепазирем, ки ба дарди худамон хуранд. Устод Осимӣ ин байтҳои алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболро солҳои охири умрашон ба такрор мехонданд ва бешак, худашон низ он «донои роз» буданд, ки имрўз, сад дареғ, рўзгорашон ба сар омада…
Соли 1995 моҳи август устод дар Дания буданд. 75-умин солгарди умрашон дар ҳамон кишвар дар ҳалқаи дўстони фозили хориҷӣ гузашт. Баъди бозгаштанашон ба Тоҷикистон кумитаи тадорукоти ҷашни эшон таъсис ёфт ва моҳи октябр ба ин муносибат бояд тантанае барпо мешуд. Вале устод қатъиян муқобил баромаданд ва бо шўхӣ гуфтанд, ки кумита, беҳтар мешуд, ба 80-солагиашон омодагиро оғоз кунад. Ба рўзномаву маҷаллаҳое, ки дар бораи эшон ба шодбошашон мақолае чоп карданӣ буданд, навиштаҳои худро дар бораи дигарон пешниҳод карданд. Аҷиб…, инсонҳои бузург аз таъриф мегурезанд, аз худнамоиву худхоҳӣ парҳез мекунанд.
Дар сурату сират ва зиндагии ҳар кас акси андешаи ў намудор аст. Сурату сирати устод Осимӣ покизаву зебо буд. Боре ҳам устодро бо либоси номувофиқ надидаем. Ҳама чизи табиӣ ва оддиро дўст медоштанд. Аз ҳама гуна сохтакорӣ канораҷўӣ мекарданд. Чашмонашон меҳрубон, овозашон нарм, чеҳраашон нуронӣ, ҳаракоташон мавзун ва хулқашон хуш буд. Ҳама корро бо ҳафсалаи том мекарданд. Ҳамеша шитоб доштанд. Гўё метарсиданд, ки корҳои муҳимеро нокарда мемонанд…
Устодро «пири хирад» мегуфтанд, лекин пирии эшонро касе надидааст. Рост мегўянд, ки инсон то даме, ки худро ҷавон эҳсос мекунад, пир намешавад. То охирин нафас қомати устод хам назад, дар чашму рўяшон осори пирӣ пайдо нашуд, боре аз заъфу нотавонӣ лаб ба шикоят боз накарданд. Вуҷудашон пур аз нерўи зиндагӣ, пур аз шавқу ҳавасу орзу, пур аз ишқ буд.
Устод инсони хушбин буданд. Дар зулмот нури сапед меҷустанд, ба фардои нек бовар доштанд, дилҳои ғамгинро таскин мебахшиданд, ба дардмандону ранҷурону корафтодагон дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор