Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мароми зиндагиашон ин буд, ки «шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар». Кўшиш мекарданд, ки дар бораи касе ҳарфи бад нагўянд, зеро хуб медонистанд, ки ҳар ки дигаронро бад гўяд, бадии худро собит мекунад.
Устод инсони хушбахт буданд. Зеро дар хона сулҳу оромиш доштанд, дар ҷомеаву коргоҳ ҳама эҳтиром мекарданд.
Худованд, агар ба марде марҳамати хешро арзонӣ доштанӣ бошад, ҳамсари устод барин занеро насибаш мегардонад: нармдил, хушфеъл, меҳмоннавоз, босаховат, ғамхор, оқила… Бунёди оилаи устод бар муҳаббату дилсўзӣ буд, дар фазои ин хона фақат овози нарму ҳарфҳои ширин ба гўш мерасид, касе аз меҳрубонии худ дар ин ҷо намерамид, касе аз ширингуфторӣ шарм намедошт. Ин хислатҳо кайҳо ба ҳукми анъанаву одат даромадаву табиӣ менамуданд. Воқеан ҳам, аз хонае, ки садои ханда биёяд, даре ба биҳишт боз аст… Ҳосили умри устод ба ҷуз китобҳое, ки навиштаанд ва шогирдоне, ки тарбия кардаанд, 8 фарзанди некномашон аст, ки аз фазилатҳои падар баҳраваранд, хулқи хуби падарро мерос гирифта, аз дарахти маърифати эшон мева хўрдаанд. Бинобар ин, осуда метавонем буд, ки китобҳо, аксҳо, мактубҳо ва ҳар чизи нодире, ки дар бойгонии шахсии устод буд, бо дастони меҳрубони онҳо нигаҳбонӣ мешаванд.
Ҷаҳони ҳар кас ба андозаи вусъати фикри ўст. Ҷаҳони устод беканор буд, ки ба назарам, се омил дошт. Аввалан, устод ҷаҳонгашта буданд. Ба кишварҳои мухталифи Шарқу Ғарб сафар намуда, аз тамаддуну фарҳанги ин мамолик ба хубӣ огоҳ гардида, аз ин сафарҳо таассуроти зиёде бардошта ва дўстони донишманди бисёре пайдо карда буданд. Дувум, устод забонҳои зиёдро медонистанд ва ҳамеша кўшиш мекарданд, ки калимотро бамавқеъ ба кор баранд, бинобар ин, суханашон таъсирбахш ва боэътимод буд. Боре пурсидам, ки забони русиро аз куҷо ин қадар хуб омўхтанд. Посух ин буд, ки аз китоб. Омили севум – дустӣ бо китоб буд. Устод, ки қареҳаи худодод доштанд, китобро муфидтарин ихтирои башар меҳисобиданд ва мегуфтанд, ки китобро ба ҳар қимате бихаред, арзон аст. Аз он ки насли ҷавон китобхону китобдўст нест, хеле афсўс мехўрданд. Мегуфтанд, ки инсони бефарҳанг ба разолату пастӣ қодир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор