Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷомеа бояд ба китобу фарҳанг дил баста бошад ва роҳи наҷот низ ҳамин ҷост.
Устод завқи баланд доштанд. Аз ҳунари нотакрори шоирон, сарояндагон, рассомон ба ваҷд меомаданд. Шеъри зиёд аз ёд медонистанд. Шеърҳои дўстдоштаашонро ба такрор мехонданд, ба атрофиён низ аз ёд мекунониданд. Ҳатто ба он ҳунармандоне, ки ҷаҳонбиниашон ба афкори эшон мувофиқ набуд, меҳрубониву дилсўзиро дареғ намедоштанд. Саховате бедареғ мисли офтоб доштанд.
Мусиқиро хеле дўст медоштанд, аммо дилбастагиашон фақат ба мусиқии миллӣ набуд. Аз ҳар кишваре, ки ба сафар мерафтанд, қартаҳои мусиқиву садои ҳунармандони мумтозро бо худ меоварданд. Симфонияву операҳоро хеле бо ҳавас гўш мекарданд ва бисёр мехостанд, ки тоҷикон низ аз ин мўъҷизаи ҳунармандони Аврупо бенасиб набошанд.
Ба фикри устод, тавоноӣ ва некбахтии ҳар миллате вобаста ба иттиҳоду пайвастагии афрод буд. Ин аст, ки тамоми кўшиши устод ба ваҳдати миллӣ равона буд, барои эшон фарқ надошт, ки тоҷике аз Шимол буд ё ҷануб, аз деҳа ё шаҳр, ҳама бандаҳои Худо баробар буданд, танҳо яке ҳунарманд буду дигаре беҳунар, яке фозилу дигаре ҷоҳил. Мегуфтанд, ки ҷоҳил аз лаззати зиндагӣ бебаҳра аст. Зеро намедонад, ки накўкорӣ чист ва некии беғараз чӣ кайфияте дорад.
Мегўянд, ки 10-12 рўз пеш аз маргашон устод ба боғи Айнӣ рафта, аз боғбон хоҳиш карданд, ки ин мавзеъро покиза нигоҳ доранд, зеро ҷои муқаддас аст ва пагоҳ-фардо, рўзҳои ҷашн меҳмонони зиёде ба зиёрати оромгоҳи Айниву Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов мебиёянд. Он рўз касе намедонист, ки ҳамагӣ чанд рўз пас худи устод низ ҳамин ҷо ҳамешагӣ маскан мегузинанд ва меҳмонони ҷигархуни аз дуру наздик омада, пеш аз ҳама, ба зиёрати оромгоҳи худашон мешитобанд…
Охирин ҳарфи устодро касе аз наздикон нашунид. Болои сарашон дар девори мактаб, ҷое, ки хуни покашон рехт, қадимтарин панди ниёгони мо сабт шуда буд, ки басо рамзист.
«Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек». Шояд ҳарфи охирини устод барои ворисон ҳамин буд?!
Соли 2000

пешина
аз 500
навбатӣ