Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

УСТОДИ БЕНАЗИРИ МАН

Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накўном ҳаргиз намурд.
Хусрави Деҳлавӣ

Бори аввал устод Муҳаммадҷони Шакуриро дар давраи донишҷўиям, замоне, ки барои ширкат дар озмуни донишҷўён ба Душанбе омада будам, дидам. Бо яке аз дўстон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ омадем ва дар долон ба тамошои расмҳо машғул будем, ки ҳамин лаҳза дари яке аз утоқҳо боз шуду устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки сураташон ошно буд, берун омаданд ва аз назди мо гузашта, ба утоқи дигар раҳсипор шуданд. Мо бо ҳаяҷон ба устод салом додем, он кас боадабона посух гуфтанд ва ба роҳи худ идома доданд. Он рўзгор ман барои мулоқот ва сўҳбат бо устод на омодагӣ доштам ва на ҷуръат.
Пас аз чанд сол тақдир маро ба Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи шаҳри Маскав овард ва ман ба аспирантураи ин пажўҳишгоҳ дохил шудам ва имкон пайдо кардам, ки аз сўҳбатҳои устодони фозили ин боргоҳи илм, аз ҷумла Г.Ломидзе, З.Г.Османова, Н.Воробёва, К.Султанов, З.Кедрина ва дигарон баҳравар шавам. Ибтидои солҳои 80 асри гузашта дар шўъбаи «Адабиёти халқҳои шўравӣ», ки сарварии онро донишманди тавонои гурҷӣ Георгий Ломидзе бар ўҳда дошт, тибқи нақшаи шўъба ба ғайр аз баррасӣ ва муҳокимаи таълифоти кормандон ва рисолаҳои аспирантону докторантон асарҳои илмии адабиётшиносони шўравӣ низ ба роҳ монда шуда буд. Ёдам ҳаст, ки устод М.Шакурӣ ва Л.Н.Демидчик низ чанд бор ба ин ҷаласаҳо омада буданд. Устод аз рафти таълифи китоби «Таърихи адабиёти шўравии тоҷик»
ҳисобот дода, аз баъзе мушкилоти он ҳарф зада буданд. Албатта, ба ғайр аз устоди раҳнамои мо З.Г.Османова, ки ба забони тоҷикӣ балад буда, аз ҷараёни инкишофи адабиёти муосири тоҷик огоҳӣ дошт, каси дигар дар ин шўъба бо адабиёти мо ошно набуд. Бинобар ин, эрод ва пешниҳодҳои онҳо асосан бо усули кор, принсипҳои таълифи асар ва ба шакли ягона даровардани навиштаҷот алоқаманд буд.

пешина
аз 500
навбатӣ