Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Г. Ломидзе хеле зуд шахсияти камназир будани устод М.
Шакуриро дарк намуд ва минбаъд барои дарёфти унвони узви вобаста ва дертар узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон шудани эшон номаи ҳидоят ва дастгирӣ ба номи президенти Академияи илмҳо навишта буд.
Баъди дифои рисолаи номзадӣ соли 1986 ман ба Тоҷикистон, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргаштам ва нахуст дар кафедраи адабиёти хориҷӣ ва аз соли 1991 дар кафедраи адабиёти тоҷик, ки сарварии онро дўст ва устоди фозилам, шодравон профессор Абдулманнони Насриддин ба ўҳда доштанд, ба кор омадам. Соли 1992 қарор шуд, ки ба докторантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ дохил шавам ва азбаски тадқиқоти илмии ман роҷеъ ба сабки насри муосир буд, бо маслиҳат ва раҳнамоии мудири кафедра ба устод М. Шакурӣ телефон кардем ва ризоияти эшонро барои мушовири илмӣ шудан гирифтем.
Дар давоми се соли давраи докторӣ ман ҳар гоҳ бо устод ба воситаи телефон ё нома аз корҳои худ хабар медодам, маслиҳат мепурсидам. Дар соли севум мусаввадаи рисола навишта шуд ва ман онро ба устод фиристода, интизори ҳукми эшон шудам. Фурсати зиёде нагузашта, рисола бо номаи устод бозпас омад. Бо изтироби бузург номаро боз кардам. Устод бо тамом шудани рисола маро табрик намуда, чанд маслиҳату пешниҳоди худро навишта буданд. Дар ҳошияи рисола ҷо-ҷо ишораҳо ва веростории устод ба назар мерасид. Ман хеле бодиққат онҳоро омўхтам ва ростӣ, то ҳол он мусаввадаро нигоҳ медорам. Ҳамин номаи устод ва веростории рисола барои ман як мактаби бебаҳои илму адаб буд ва аз он чанд ҳикмат бардоштам. Яке ин ки, устод бо вуҷуди серкорӣ рисоларо хеле зуд хонданд, зеро изтиробу интизории ман ва мо баринҳо барояшон ошно буд. Дувум, хеле боэҳтиёт, танҳо дар мавридҳои зарурӣ ба он қалам задаанд ва бо ҳамин амал эҳтиром ба навиштаҳои касони дигарро нишон доданд. Севум, масоили марбут ба услуби нигориш ва истифодаи калимаҳо, ки аз назари ман дур монда буд, бароям равшан шуд. Гузашта аз ин, устод номаи муфассале навишта, матлаби худро хеле боадабона арз намуданд. Яъне, масъулияти тарбияи шогирд, ғамхорӣ ва дар айни ҳол серталабӣ мароми эшон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор