Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Санаи 19 октябри соли 1995 ман рисолаи докториро дифоъ кардам ва рўзи дигар устод моро ба манзилашон даъват карданд.
Дар сари дастурхони устод, ки ҳамсарашон Дилафрўз Икромӣ бо камоли меҳр ороста буданд, аҳли хонаводаи мо бо сарварии модарам ва устод Лоиқ нишаста будем. Сўҳбат бағоят гарму самимӣ буд. Сухан аз адабиёт ва забони миллӣ, этимологияи баъзе вожаҳо ва хидматҳои шахсиятҳои адабиву таърихӣ мерафт. Ҳар замон устод Лоиқ, Фарзона ва Озарахш шеъре мехонданд ва маҳфилро боз ҳам гармтар мекарданд.
Аз он рўзҳои мунири пур аз шодӣ 20 сол сипарӣ шуд, вале манзили устод аз ин пас бароям як ҷои муқаддасе гардид, ки ҳар гоҳ, ки ба Душанбе биёям, ҳатман ба хонаи устод мерафтам, зеро эҳсос мекардам, ки ин ҷо дурўғу риё нест, ин ҷо воқеан самимона роҳи туро интизор мешаванд ва аз дидорат шод мегарданд. Боре устод, ки гоҳ-гоҳ (аммо хеле кам) телефон мекарданд, ба ман сим заданд ва бо каме озурдагӣ пурсиданд, ки чаро ба Душанбе омадаму онҳоро хабар нагирифтам.
Магар аз чизе ранҷидаам? Маълум шуд, ки касе нодуруст хабар додааст ва ман аз ин «гила»-и устод, ростӣ, сарам ба осмон расид. Ҳоло аз даргузашти устод се сол сипарӣ шудааст, вале ман боз ҳам ба он манзил мешитобам, зеро дар деворҳо ҳанўз ҳам аксҳо ва овезаҳои ба устод тақдимшуда бо камоли эҳтиёт бо дасти завҷаашон ҳифз мешавад ва шабу рўз муаллимаи азиз лаҳзаҳои зиндагии устод ва ҳарфҳои эшонро ба ёд меоранд ва дар назарам рўҳи устод он ҷо зиндагӣ дорад.
Албатта, дар тўли зиндагии устод хеле касоне буданд, ки ба мақом, муҳаббат ва эҳтироме, ки он кас миёни мардум ва ҳампешагон доштанд, ҳасад мебурданд. Хеле касоне буданд, ки ошкорову ниҳонӣ бар зидди устод бархоста буданд.
Хусусан дар солҳои навадум ва ибтидои солҳои дуҳазорум аз мақолаҳои кўчак сар карда, то китобҳои алоҳида бар муқобили устод навишта шуданд. Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин солҳо устод раванди пажўҳишҳояшонро камтар тағйир дода, асосан ба масъалаҳои доғи рўз, аз ҷумла давлатдории тоҷикон ва сарнавишти забони модарӣ, масъалаҳои тарбияи ҷавонон, маориф ва илм, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуданд.

пешина
аз 500
навбатӣ