Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Маҳз дар ҳамин давра як қатор асарҳое, мисли «Забони мо ҳастии мост», «Мактаби одамият», «Хуросон аст, ин ҷо», «Се шохаи як дарахти барўманд», «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ», «Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист», «Садри Зиё ва «Рўзнома»-и ў», «Садри Бухоро» ва ғайраро навиштанд.
Дар ин осор, табиӣ, ки устод нуқтаи назари худро роҷеъ ба ояндаи миллат, забон, хат, давлат ва ғайра баён намуда ва ин назарҳо на ҳамеша бо ҷаҳонбинии дигарон мувофиқ буданд.
Бинобар ин, мухолифин дар симои устод душмани худро дида, саъй намуданд, ки чеҳраи сиёсии ўро сиёҳ кунанд ва зоҳиран як андоза муваффақ ҳам шуданд. Мо, шогирдон, ба он ҳақоратномаҳо посух навиштанӣ шуда, аз устод иҷозат пурсидем.
Иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки гузашти замон ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Медонистем, ки азият мекашанд, вале тоқату таҳаммулашон рустамона буд.
Устод олими музофотӣ набуданд, балки як нафаре шинохта на танҳо дар Осиёи Марказиву собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, балки дар кишварҳои Шарқ, бахусус Эрон буданд.
Узви Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии исломии Эрон, муаллифи чандин китобҳое, ки дар ин кишвар чоп шудааст, дар ҳақиқат миёни аҳли сухан ва адабиётшиносону эроншиносон маҳбуб ва маъруф буданд.
Ман ду бор саодат доштам, ки ҳамсафари устод шавам.
Маъмулан дар маҷлисҳо ва маҳфилҳо устод дар канори ҳамсарашон ва мо менишастанд. Дар ҷаласаҳои ифтитоҳии конфронсу симпозиумҳо ҳатман ба устод сухан медоданд. Устод пургўй набуданд, вале муҳимтарин нуктаҳоро бо забони софи тоҷикӣ, бидуни вожаҳои фаровони арабиву русӣ ё тағйир додани лаҳни муқаррарӣ баён мекарданд. Вақте суханашон ба охир мерасид, оҳиста аз сари минбар поён мефаромаданд ва ҳамоно баргузидагон ва нухбагони эронӣ ба эҳтироми эшон аз ҷой бармехостанд. Ин расму оин, ростӣ, ба ман хеле хуш меояд ва чунин иззату эҳтиромро ба устод ман як навъ рамзи эҳтиром ба кишвар ва миллати мо меҳисобам.
Баробари тамом шудани суханрониашон рўзноманигорон устодро иҳота мекарданд ва ба мусоҳиба даъват менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор