Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Устод бе такаллуф ва бидуни сарпечӣ ба саволҳо бо таҳаммули ба худашон хос посух медоданд ва маъмулан ҳини сафари устод дар расонаҳои хабарии Эрон сўҳбатҳои устод интишор меёфт.
Солҳои охири зиндагиашон устодро чандин маризӣ азият медод. Чашмашон қариб намедид, бинобар ин, дар сари мизи кориашон чандин айнаку шишаҳои булўрро чида буданд, ба сахтӣ чизе мутолиа мекарданд ва чизе менавиштанд.
Бо ҳамин ҳол ҳам соле 2-3 китобашон аз чоп мебаромад. Фикр мекунам, хидмати ҳамсарашон Дилафрўз Икромӣ низ дар таълифи осори солҳои охир зиёд аст, зеро муаллима соатҳо ва рўзҳои тўлонӣ барои устод китобҳо ва дастнависҳоро мехонданд ва дар веростории онҳо кўмак мекарданд. Рўи мизи устод ҳамеша пур аз китобҳои нав буд. Азбаски табиатан некбин буданд ва ҳама медонистанд, ки устод «энсиклопедияи зиндаи адабиёти муосир» ҳастанд, аксари адибон ва адабиётшиносон китобҳои нави худро ба устод тақдим мекарданд, ва ман ҳар бор ки ба манзили устод меомадам, якбора ҳам аз аҳволашон хабар мегирифтам ва ҳам аз китобҳои нав огоҳ мешудам.
Бори охир устодро даҳ рўз пеш аз вафоташон дидам.
Эшон дар бемористони Ибни Синои Душанбе қарор доштанд.
Муаллима дар канорашон дар хидмат буданд ва фарзандон ҳама ҷамъ омада, ҳар лаҳза аз аҳволашон хабар мегирифтанд.
Замоне, ки ман ба наздашон даромадам, устод кўшиш карданд, ки сар аз болин бардоранд, аммо заъфу нотавонӣ имкон надод. Муаллима бо ҳамон меҳрубонии ҳамешагиашон, ҳарчанд ки чеҳраи худашон ҳам бар асари бемордориву бедорхобиҳо хеле коҳида буд, боз ҳам ба устод ҳарфҳои пурмуҳаббат мегуфтанд: «Ана, муаллимҷон, духтаракатон омаданд. Акнун Шумо бояд сиҳат шавед». Устод, ки ҳамеша бо чеҳраи мунаввару оғўши боз маро пешвоз мегирифтанд, ин бор ҳам кўшиш карданд, ки худро бардам нишон диҳанд. Аҳвол пурсиданд, хоҳиш карданд, ки саломашонро ба ҳамаи пайвандон ва дўстони хуҷандӣ расонам. Ҳамон шабу рўз китоби нави муаллим бо номи «Пантуркизм ва сарнавишти тоҷикон» аз чоп баромада буд ва дар палата чанд дона аз ин китоб рўи миз қарор дошт. Муаллима китобро ба назди устод оварда пурсиданд, ки оё барои навиштани соядаст кўмак лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор