Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Устод ҷавоб доданд, ки «не, ман худам» ва китобро рўи сандуқи дилашон гузошта, бо дасти ларзон охирин соядасти худро навиштанд ва таърихи рўз – 6 сентябри соли 2012-ро гузоштанд. Ба дасти ман супориданд ва беҳолона чашмҳошонро пўшиданд. Эҳсос кардам, ки дидори охирин аст. Воқеан ҳам баъд аз даҳ рўз хабари даргузашти устод расид.
Дар ҷанозаи устод, ки дар рўи ҳавлиашон гузашт, аҳли илму адаб, шогирдон, пайвандону фарзандон ҷамъ омада буданд. Зиндагии устод хеле хоксорона ва сода буд ва соати видоъ низ бо эшон ҳамин хел самимӣ сурат гирифт. Чандин нафар мегуфтанд, ки митинги мотами устод бояд ба тарзи дигар баргузор мешуд, аммо ман худ ба худ меандешидам, ки оё мотами пурдабдаба барои рафтагон моҳият дорад? Шояд муҳим он бошад, ки инсон дар зиндагии худ тухми некӣ бикорад ва ин коштаҳоро борвар гардонад. Пас аз 50 ё 100 сол касе намепурсад, ки фалониро чӣ гуна ба роҳи охират гусел карда буданд? Пас аз 50 сол ё ҳатто баъди 10 сол шояд касе он фалониву фалониҳои дигарро аслан ба ёд наорад? Аммо ман мутмаинам, ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ бо он хидмате, ки барои ҷомеаи мо анҷом доданд, садсолаҳо дар ёди ин миллат хоҳанд монд.
Аз дидору сўҳбатҳо бо устод, ки дар давоми 20 сол доштам, дарёфтам, ки Офаридгор бароям тўҳфаи бебаҳо ато намудааст, зеро ошноӣ ва шогирдии бузургворе мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ воқеан камоли саодат аст. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Хунук он ки дар сўҳбати оқилон Биёмўзад ахлоқи соҳибдилон.
Соҳибдилеро аз даст додем, аммо сарнавишти устод дар маҷмўъ некфарҷом будааст. Ҳарчанд ки эшон зарбаҳои сахти тақдирро чашидаанд, аз овони кўдакӣ аз падару модар ятим монда, тамоми мушкилоти моддиву маънавиро аз сар гузаронида ва дар пиронсолӣ низ силиҳои паёпайи мухолифонро таҳаммул намудаанд, рўҳашон бешикаст мондааст. Ба чанд далел устод дар ҳақиқат инсони хушбахт буданд, зеро:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор