Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Фаъолияти илмиашон басо пурсамар буд. Дар тўли зиндагиашон беш аз 50 китоби арзишмандашон ба чандин забон ва дар чандин кишвар интишор ёфт.
- Дар бораи насри шўравии тоҷик, сабки нависандагони асри ХХ муҳимтарин нуктаҳоро устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китобҳои «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ», «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ», «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги тоҷикон», «Таҷаддуд. Насри муосири тоҷикӣ» (ба забони русӣ), «Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи ХХ» баён намуданд.
- Дар ҳифзи забони модарӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва худогоҳии миллии тоҷикон корҳои мондагоре ба ҷо оварданд.
- Фарзандони донишмандеро ба камол расониданд, ки барои пешбурди илми муосир дар гўшаҳои мухталифи ҷаҳон хидмат мекунанд.
- Шогирдони хуберо тарбият намуданд, ки кори устодро дар муассисаҳои илмиву таълимии кишвар пурсамар идома медиҳанд.
- Дар поёни зиндагиашон Худованд барояшон ҳамсаре ато намуд, ки ёру ёвар, ҳамдилу ҳамдами эшон гардида, тавассути ғамхории эшон устод умри дубора диданд ва аз зиндагӣ худ қаноатманду розӣ рафтанд.
Тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳи муаллима Дилафрўз
Икромӣ, адабиётшиноси номвар Абдушукури Абдусаттор ва ҳамкорамон, адабиётшинос ва шоири хушзавқ Нуралии Нурзод ба зиёрати қабри устод рафтем. Фарзандон хокҷои устодро бо мармари сафед пўшонида ва тарҳи дилпазире аз сангҳои сафед барафрохта буданд. Гўё рўҳи устод мисли фариштаи сафеде ҷавлон мезад ва хабар медод, ки ҷисми озодамарде зери ин сангҳо ниҳон аст, ки номи некаш ҷовидонист.
Ба қавли Саъдии бузургвор:
Намирад, гар бимирад некноме,
Ки дар хайлаш бувад қоиммақоме.
Чу дар маҷлис чароғе ҳаст, агар шамъ
Бимирад, ҳамчунон равшан бувад ҷамъ.
Соли 2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор