Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ПОКРАВИ ДАЙРИ КУҲАН
Бандаам покраверо, ки дар ин дайри куҳан
Гар зияд, пок зияд в-ар биравад, пок равад.
Шукри Эзид, ки дар зиндагӣ насиби ошноиву дўстӣ бо нафаронеро дод, ки на танҳо соҳиби истеъдоди хориқулода, балки фазилатҳои бузурги инсонианд. Бо инсони наҷибу мутафаррид, соҳибдилу соҳибфазл устод Абдулманнони Насриддин расо сӣ сол саодати дўстиву шогирдӣ ва ҳамкорӣ доштам.
Соли 1981 пас аз коромўзии яксола дар Маскав ба Хуҷанд баргаштам ва барои дохил шудан ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкий омодагӣ мегирифтам. Интизор будам, ки аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар аспирантураи шаҳри Маскав ҷой ҷудо мекунанд. Рўзе машғули тадрис будам, ки дари синфхонаро кўфтанд ва вақте дарро боз кардам, дар паси он ҷавонмарди лоғарандоми гандумгунеро дидам, ки боадабона ҳолпурсӣ карда, худро муаррифӣ намуд ва хабар дод, ки бояд оҷилан ба Душанбе, ба муовини директори Институти забон ва адабиёт Ҳамроқул Шодиқулов занг занам. Аз ҳамон рўзи муборак ошноии мо бо Абдулманнони Насриддин шурўъ шуд.
Дертар хоҳаракам Иноятҷон ба факултети таъриху филология дохил шуд ва бо амри тақдир устод роҳбари гурўҳашон таъйин шуданд. Ў бо камоли шефтагӣ ва меҳру ихлоси тамом дар бораи сифатҳои муаллим, дарсҳое, ки мегузаштанд, усулҳое, ки ҳини таълим истифода мебурданд, нақл мекард ва рўз ба рўз эҳтироми ман ба ин инсони наҷиб, олими пуркор ва устоди нотакрор меафзуд.
Чанде пас ба ин устоди фозил вазифаи сарварии факултети таъриху филологияро супориданд ва маълум шуд, ки дўсти мо на танҳо дар фаъолияти илмиву омўзгорӣ, балки дар кори роҳбарӣ низ беҳамто будаанд. Баъди дифои рисолаи докторӣ устод мудири кафедраи адабиёти тоҷик таъйин шуданд. Он рўзгор дар кафедра устодони соҳибноме, мисли С. Асадуллоев, А. Сатторов, Р. Тошматов, А. Ҷалолов, М. Неъматов, Н. Файзуллоев кор мекарданд. Мудири нав саъй намуд, ки аз ҳисоби ҷавонони ҷўяндаву болаёқат нерўи илмии кафедраро қавитар гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор