Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Бо ин мақсад ба кафедра аз Душанбе номзадҳои илмҳои филологӣ Н. Салимов ва Н. Зоҳидов, аз мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ М. Ҳабибуллоева даъват шуданд. Ва, хушбахтона, маро низ, ки хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти рус будам, барои тадриси фанҳои адабиёти русу хориҷӣ ба кафедраи мазкур ба кор даъват карданд. Ҳамин тариқ, ба шарофати раҳнамоии муаллим ман ба ҷодаи нави фаъолияти омўзгорӣ ва илмӣ ворид шудам.
Семинарҳои илмии кафедра, сўҳбатҳои устодон, муҳокимаи осори илмиву адабӣ, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар, аз ҳама муҳимаш, мутолиаи ҳамешагӣ ва кўшиши кори шоистаеро анҷом додан дар кафедра муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ ва як навъ талоши аз дигарон қафо намондан, сазовори эҳтироми ҳамкорон буданро ба вуҷуд оварда буд. Мудири кафедра ба ҳар кас вобаста ба имконияту донишаш ва шавқу рағбаташ дарс ҷудо мекарданд ва супоришҳо медоданд ва хеле пайгиронаву дурандешона барои пешравӣ ва такмили дониши мо шароит фароҳам меоварданд. Дар маҷлисҳои кафедра сўҳбатҳои устод, хулосаҳои илмӣ ва одилонаи эшон пас аз шунидани фикру мулоҳизаҳои дигарон водор мекард, ки ба худамон хеле серталаб бошем.
Ҳузури муаллим сўҳбатҳову маҷлисҳоро шукўҳмандтар мекард ва агар суханронӣ дошта бошем, дар ҳузури эшон гўё ҳар бор имтиҳон месупоридем ва муаллим ҳам, агар чизе аз гуфтаҳои мо писандашон ояд, бо лутфи хос «боракаллоҳ» мегуфтанд.
Вакте азми маро барои идомаи таҳсил дар докторантура фаҳмиданд, ин хабарро бо хушнудӣ пазируфтанд ва гуфтанд, ки ба мавзўе, ки интихоб кардаам, устод Муҳаммадҷони Шакурӣ метавонанд беҳтарин мушовир бошанд. Ман бо хиҷолат гуфтам, ки устод маро намешиносанд ва ман ҷуръат надорам, ки ба ин инсони бузург муроҷиат кунам. Муаллим табассум карданду гўшаки телефони рўи мизашонро гирифта, рақамҳоро чиданд ва баъди як лаҳза ман шунидам, ки баъди ҳолпурсӣ маро ба устод муаррифӣ карданд ва ризоияти он касро гирифта, бо камоли қаноатмандӣ гўшакро ба ҷояш гузошта, гуфтанд: «Ана, дидед, устоди мо чӣ қадар фурўтану меҳрубон ҳастанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор