Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Барои шарафёб шудан ба шогирдии академик М.
Шакурӣ, ки аз ин пас падари маънавии ман шуданд, як умр мадюни раҳнамоиву раҳкушоии бародари арҷмандам Абдулманнони Насриддин хоҳам монд…
Вакте тарҳи баргузории маҳфили «Ганҷи сухан»-ро кашиданд, дар нахустин ҷаласаи он, ки санаи 15 апрели соли 2004, дар зодрўзи устоди бузурги сухан Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ҳамагӣ 12 нафар ширкат доштем. Батадриҷ ин маҳфил доираи худро васеътар намуда, аз факултаву донишгоҳ берун омад ва дар ҷаласаҳои он, ки минбаъд дар толорҳои бузурги донишгоҳҳои дигар, китобхонаи вилоятиву маркази ҷавонон ва шаҳру навоҳии вилоят мегузашт ва нақшаи он барои як сол тасдиқ мешуд, ҳар кадоми мо барои суханрониву гузоришҳо омодагӣ мегирифтем. Муаллим фаъолияти маҳфилро аз корҳои асосии худ меҳисобиданд ва соати баргузории ҳар маҳфилро бо изтироб интизор мешуданд. Танҳо баъди ҷамъ шудани маърўзагарону ширкаткунандагон парешониву ҳаяҷонашон фурў менишаст.
Аз минбари «Ганҷи сухан» дар ҳузури доктор Абдулманнони Насриддин ва олимону адибони дигар сўҳбат кардан бе муболиға, душвор буд. Дар яке аз чунин маҳфилҳо ман супориш гирифтам, ки роҷеъ ба дафтари аввали «Маснавӣ»-и Мавлавӣ сўҳбат кунам. Ҳанўз дар хотир дорам, ки чанд моҳ қабл ба омодагӣ шурўъ кардам, шарҳҳои мухталифи онро пайдо карда омўхтам, вале вазифаи ман хеле сангин буд, мебоист дар тўли чанд дақиқа муҳимтарин нуктаҳоро роҷеъ ба дафтари якум баён мекардам, яъне, баҳрро бояд дар кўза ҷо медодам. Ёд дорам, тобистон буд, ҳам аз гармии ҳаво ва ҳам аз хуруҷи эҳсосот дар обу арақ ғўтида, ба сўҳбат шурўъ кардам ва вақте сухан ба поён расид, нигоҳ кардам, ки ба ҷои бист дақиқа як соату бист дақиқа вақт гузаштааст, вале устод маро бознадошта таҳаммул карданд.
Аммо ман бо вуҷуди аз меъёр зиёд ҳарф заданам, ҳатто нисфи матолиби дилхоҳро натавонистам баён кунам.
Бори дигар дар мавриди ғазалиёти Саъдӣ низ тақрибан ҳамин ҳол рух дод. Бо вуҷуди ин як эҳсоси қаноатмандӣ аз он ки ин фурсати зиндагӣ беҳуда нарафт, ҳосил шуд. Бинобар ин, ман як умр аз устод сипосмандам, ки лаззати нотакрори тааммуқ дар сари ашъори бузургонро ба мо чашониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор