Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Бо гузашти замон устоди мо ба ҳакиме монанд шуданд, ки ниёзмандон аз дуру наздик барои зиёрату маслиҳат меомаданд ва қаноатманду хушҳол бармегаштанд. Муаллим аз тамоми ҳаводиси рўзгор барои худашон ва барои ҳамаи мо ҳикмат меҷустанд ва ҳарфи дўстдоштаашон низ ин буд: «Ин кор бе ҳикмат нест». Дар кафедра зери шишаи рўи мизашон дар сафҳае ҳудуди 20-25 мақоли бузургон ҳуруфчинӣ шуда буд, ки тавассути онҳо гўё ҳар лаҳза худро ва моро ҳушдор медоданд.
Аввалин ҳикмат ин буд: «Бузургтарин гуноҳ тарс аст». Худашон хеле баҷуръат ва нотарс буданд, хусусан дар масъалаҳои мубориза бо дурўғу риё, ришваситониву беинсофӣ, ҷаҳолату танбалӣ, пурхўриву пурхобӣ. Ҳимматашон баланд буд ва дар дигарон низ ҳамин сифатро эҳтиром мекарданд.
Қариб ҳар сол бо баҳонае барои ҳамкорон дастурхон мекушоданд ва онро пур аз нуқлу наво мекарданд. Агар касе аз ҳамкорон, хоса асотиди калонсол бемор бошанд, ҳатман ба аёдат мерафтанд ва барои онҳое, ки бознишаставу ранҷур буданд, ҳамеша дар арафаи ид ҳадя мебурданд ё мефиристоданд.
Боре ёдам ҳаст, замони сарварии ман ба факултет, супориш шуд, ки устодон рўзи якшанбе барои ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бароянд. Ба устод гуфтем, ки аз пайи корҳои худашон бошанд ва ба саҳро набароянд. Рўзи дигар вақте соати танаффуси нисфирўзӣ фаро расид ва мо барои тановул ба сари замин баромадем, дидем, ки мошини сабукрави устод наздик меояд. Вақте ки мошин дар назди мо бозистод, муаллим бо табассуми малеҳ аз он фаромада, гуфтанд, ки «пахтачинӣ иҷозат надодед, ақаллан барои ғизохурӣ бо шумо иҷозат диҳед» ва як табақи бузурги сихкабобро аз борҷои мошин бароварда, рўи дастурхон гузоштанд.
Боре санаи 1-уми сентябр, рўзи аввали таҳсил донишҷўён дар толори факултет барои маҷлиси идона ба муносибати Иди дониш ҷамъ омада буданд. Вақте маҷлис оғоз ёфт ва суханро ба устод доданд, он кас, ки табиатан хеле батамкин, ҳарфҳоро чида-чида, нарму ором сухан меронданд, ҳикоятеро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор