Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бораи ҳиммати мўр нақл карданд ва хулосаи худро гуфтанд:
муҳим он нест, ки кофтани чоҳ ба ин мўр муяссар мешавад ё не, муҳим азму ҳиммати ўст, ки бояд мо ҳама дар худ парвариш диҳем ва дар роҳи омўзиш ва фарогири дониш ҳамин гуна ҳиммат дошта бошем.
Зимнан бояд гуфт, ки устод солҳои охир ҳар гоҳ барои сухангўӣ сари минбар меомаданд, маъмулан ривояте ё масалеро бозгў мекарданд ва сухани худро бо ҳикмати бузургон тақвият мебахшиданд.
Ҳини тадрис низ усулҳои гуногунро таҷриба мекарданд ва ҳамеша эҳтироз аз якрангӣ меварзиданд. Боре дар долони факултет рў ба рў шудем, баъди андак сўҳбат занг зад ва муаллим гуфтанд, ки дарс доранд. Барои ширкат дар дарсашон иҷозат хостам ва бо ҳам ба дарс даромадем. Фанни таърихи адабиёт барои курси се буд ва ҳудуди сад нафар донишҷўён интизори устод буданд. Тибқи ҷадвали дарсӣ лексия пешбинӣ шуда буд, вале устод онро ба тариқи нав гузарониданд. Донишҷўён пешакӣ вазифа гирифта буданд, ки мавзўи навро хонда биёянд ва ҳар чизе, ки барояшон нофаҳмо бошад, аз устод пурсанд. Суолҳо хеле ҷолиб буданд, вале ҷавобҳо – боз ҳам ҷолибтару пурбортар, зеро устод ҳарфҳоеро гуфтанд, ки на танҳо донишҷўён, балки мо низ намедонистем. Ду соати дарс гўё дар як лаҳза тамом шуд. Вақти дарс гуфтани муаллим касе бо каси дигар ҳаргиз ҳарф намезад. Ҳама гўшу ҳуш шуда, кўшиш мекарданд, ки ягон калимаро нашунида намонанд. Муаллим аз нотиқони пурҳарф набуданд, вале мантиқи суханашон хеле қавӣ буд ва ҳар ҳарфу ҳиҷо дар ҷои худ гуфта мешуд. Ба ҳамин далел ҷозибаи суханашон чунон буд, ки ба як рабоиш аз оғоз то охири сухан гўшу ҳуши сомеонро дар қайд медоштанд.
Устод ҳамаи корҳоро бо камоли ҳавсала анҷом медоданд. Дар бисёр корҳо худашон соҳиби ташаббус буданд. Якчанд моҳ пеш аз бемориашон дар оғози соли хониш азм гирифтанд, ки дар ҷаласаи Шўрои олимони факултет роҷеъ ба сифати дарс сўҳбат мекунанд. Вакте ҷаласа баргузор шуд, муаллим қариб ду соат сўҳбат карданд ва мо дарёфтем, ки чӣ қадар заҳмати зиёд барои тайёр кардани ин гузориш кашидаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ