Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар поёни ин сўҳбат устод пешниҳод карданд, ки ҳар кафедра ва ҳар муаллим ҳадди ақалли донишеро, ки аз донишҷў барои ҳар зинаи таҳсил талаб дорад, бояд дар оғози сол пешниҳод намояд. Ва аввалин шуда худашон ҳамин корро иҷро карданд. Бархе аз устодони дигар низ ин таҷрибаро истифода бурданд ва ба пурсамар будани он итминон ҳосил карданд.
Муносибати устод бо донишҷўён падарона буд. Он кас донишҷўёни беҳтаринро аз курси аввал шинохта, ба онҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекарданд ва супоришҳои иловагӣ дода, ба кори шинохту таҳқиқи адабиёт ҷалб мекарданд. Ҳамин тариқ, танҳо дар солҳои 1990-2010 бештар аз 30 нафар адбиётшиносонро тарбия намуда, ба рисолаҳои номзадиашон роҳбарӣ карданд ва, дар маҷмўъ, як мактаби тавонои адабиётшиносиро таъсис доданд.
Ман дар хотир надорам, ки касе аз устодон миёни мардум ин қадар маҳбубият пайдо карда бошад. Устод баъди ҷарроҳӣ як муддат ба кор наомаданд ва чун майли ба маҳфили навбатии «Ганҷи сухан» омаданашон маълум шуд, толори бузурги раёсати донишгоҳ пур аз адибону омўзгорон ва шогирдон гардид.
Ҳама бо ҳаяҷону пазмонӣ омадани устодро интизор буданд.
Вақте ки эшон дар саҳна ҳамроҳи чанд тан аз дастандаркорон пайдо шуданд, толор ба по хест ва мавҷи қарсак ба авҷ дакка зад. Оҳиста сари минбар омаданд ва бо садои хаста ба хондани ғазали Саъдӣ бо матлаи зерин шурўъ карданд:
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ, Ки ҳанўз ман набудам, ки ту бар дилам нишастӣ.
Ин ғазал, ки солҳо дар мағз-мағзи ҷони мо маскан гирифта буд, он лаҳза аз забони муаллим чунон самимӣ садо дод, гўё гўяндаи он худашон бошанд.
Охирин нишасташон бо ҳамкорон – нишасти наврўзӣ дар тарабхонаи «Хушбахтӣ» буд. Ин ҷо низ ба эътибори бузургии рўҳонӣ аввалсухан ба ихтиёрашон вогузор гардид.
Устод аз мўъҷизаҳои Наврўз ва баракоти он ҳарф заданд. Соате дар канори мо буданд ва чун осори хастагӣ дар вуҷудашон пайдо шуд, барои рафтан иҷозат хостанд.
Он лаҳза мо шукр кардем, ки Худованд азизи моро ба мо баргардонд ва мўътақид будем, ки муаллим акнун солҳо дар канори мо хоҳанд монд.

пешина
аз 500
навбатӣ