Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Вале ҳайҳот, ки ин нишастҳо, ба қавле, «хонаравшанкунӣ» будааст.
Марги устод ба мисли зиндагиашон ибратомўз буд.
Ваҳшати мурдан гоҳе ҷасуртаринҳоро низ залилу бечора мекунад. Аммо рўҳи устод то охирин нафас ончунон қавӣ буд, ки аз шиддати дард оби чашм рухсорашонро мешуст, вале боз ҳам фикри фардоро доштанд ва дар ҳамин ҳол ҳам тарҳи корҳои муҳимро барои худашон, фарзандону шогирдон ва ҳамкорон мекашиданд.
Ногузир, эҳсос мекарданд, ки офтоби умрашон рў ба ғуруб овардааст, вале оташи ишқи лоязолиро дар вуҷудашон он қадар афрўхта буданд, ки дар вопасин лаҳза ба даъвати илоҳӣ бо камоли фармонбарӣ «лаббайк» гуфтанд.
Шояд Хуҷанд ин сон ҷанозаи пуродам ва пурандўҳро дар солиёни охир надида бошад… Нафаре рафта буд, ки дар зиндагии ҳамаи мо – дўстон, шогирдон, пайвандон нақши муассире дошта, бо ҳастии худ зиндагии моро пуррангтару пурбортар ва пурмаънитар карда буд. Нафаре, ки зиндагии заминияш интиҳо ёфт, вале ёдаш дар хотираҳои мо ҷовидона равшан аст ва бо гузашти замон боз ҳам пурнуртар мешавад.
Нафаре, ки ба гуфтан сифатҳои ўро наметавон тамом кард. Ба қавли Низомии Арўзии Самарқандӣ:
Агар хубит як-як баршуморам, Сар ояд дар шумурдан рўзгорам.
Соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор