Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САФАРНОМА
ДАР ОН СЎИ УҚЁНУС

Тамошои ин кишвари абарқудрат, ки номаш хама ҷо вирди забонҳост ва озодиву демократияро ҷаҳониён истилоҳоти нозпарварди ин сарзамин шинохтаанд, барои ман низ хеле ҷолиб буд. Дар як гўшаи дилам орзу доштам, ки он чи дар филмҳову наворҳои телевизион дар бораи ин кишвар ба намоиш гузошта мешавад, бо чашми худ бинам.
Инак, бо даъвати Институти таҳлил ва ҳалли низоъи Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон барои ширкат дар семинари дуҳафтаинаи «Дин ва маориф дар Тоҷикистон» озими сафар шудем.
Барномаи мазкур аз ҷониби устодони ин донишгоҳ доктор Сандра Шелделин ва доктор Карина Коростелина таҳия шуда, лоиҳаро шўъбаи табодули шаҳрвандони Бюрои масоили маориф ва фарҳанги департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ кардааст.
Барномаи сафар хеле рангин буда, он аз маърўзаву гузориш, табодули андеша, мулоқоту сўҳбатҳо, сайру гардиш, тамошои ҷойҳои таърихӣ ва ғайра матраҳ шуда буд. Бо назардошти мавзўи лоиҳа донишмандони амрикоӣ роҷеъ ба масоили «Шахсият ва низоъ», «Ахлоқ ва дин», «Дипломатия ва дин», «Дин ва зиндагии ҷомеа», «Дин ва фарҳанг» ва ғайра маърўзаву гузоришҳои худро ба мо манзур карданд.
Шиносоӣ бо китобхонаи Конгресси миллӣ ва китобхонаи Ҷорҷ Мейсон аз ҷолибтарин ва муассиртарин хотироти ин сафар буд.
Гузашта аз ин, мувофиқи барнома мулоқот ва сўҳбатҳо дар департаменти давлатӣ, Институти Сулҳи ИМА, Комиссиони ИМА оид ба озодии байналхалқии дин, Институти миллии демократӣ, Маркази Ислом, Институти бисёрдараҷаи Дипломатия ва идораву муассисоти дигар сурат гирифтанд.
Сафари мо дар охирин рўзҳои тирамоҳ сурат гирифт.
Вақте аэробуси бузурги хати парвози КЛМ, ки аз Амстердам парида буд, ба фурудгоҳи Даллеси Вашингтон наздик омад, онҳое, ки бори аввал ба ин кишвар меомаданд, аз тирезаҳои ҳавопаймо хама чашм ба берун дўхтанд ва нигоҳашон ба фазое пур аз чароғ бархўрд.

пешина
аз 500
навбатӣ