Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шом фаро мерасид ва ин чароғистон ба назари тоҷикон афсонаро мемонд.
Ҳини тафтиши шиносномаҳо бо вуҷуди он ки кормандони фурудгоҳ хеле меҳрубон буданд, эҳсос мешуд, ки тоҷиконро кам мешиносанд ва аз мусалмонон хавотиранд. Баъди ҷомадонҳоро гирифтан якчанд нафарро аз гурўҳи 10-нафараи мо барои тафтиши махсус даъват карданд ва мо тахмин кардем, ки ин кор барои таъмини бехатарии кишвар анҷом гирифт.
Ниҳоят, ҳама ҷамъ шудем ва бо раҳнамоии мизбонон озими меҳмонсаро гаштем.
Меҳмонсарое, ки моро ҷойгир карданд, махсус барои донишҷўён буд ва аз 10 табақа иборат буда, дар ҳар табақа тақрибан сад ҳуҷра дошт. Ҳар ҳуҷра барои як нафар ҷиҳозонида шуда, тамоми шароит барои зиндагӣ, кор, таҳияи ғизо ва фароғати инсон он ҷо фароҳам омада буд. Дар табақаи аввал толори варзиш бо таҷҳизоти мухталифи машқҳои варзишӣ, ки шояд бештар аз сад адад буд, дар ихтиёри бошандагон гузошта шуда буд. Дар сақфи толор якчанд телевизор овехтаанд, ки ҳини варзиш шумо метавонед барномаеро тамошо кунед ва вақтро на танҳо ба манфиати ҷисм, балки барои ғановати рўҳ низ истифода кунед.
Дар табақаи дувум утоқи компутар ҷойгир шудааст, ки шабу рўз мешавад истифода бурд. Тамоми компутарҳо ба хати интернет пайваст буда (аслан дар ин кишвар масъалаи мавҷудияти интернет, мисли чароғу обу оташ аз муқаррароти зиндагии ҳамарўза аст, ки касе будани ин чизҳоро бо шодии бузург намепазирад), бастаи зиёди коғазро барои нусхабардорӣ ва чопи матни компутар гузоштаанд ва касе назорат намекунад, ки ту чӣ миқдор коғазу ранг сарф мекунӣ ва ё чанд соат дар сари Интернет мешинӣ.
Дар асл ин ҷо на танҳо донишҷўён, балки меҳмонони дигар низ барои зиндагӣ имкон доранд.
Он чи дар низоми таълимии Амрико воқеан ҷолиби таваҷҷўҳ аст, кўшиши тарбияи шахсияти мустақил дар тамоми зинаҳои омўзиш мебошад. Масалан, барои толибилмони ин кишвар ҳаргиз ҳатмӣ нест, ки ҳама як фанро омўзанд. Ҳар кас ихтиёр дорад, ки аз номгўи фанҳо барои худаш фанни муҳимтарро интихоб намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор