Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яъне, аз оғози омўзиш кўдак ва ҷавон ба саволи «ман чӣ мехоҳам? Ман кӣ мешавам? Барои ман чӣ чизҳо муҳимтар аст?» бояд ҷавоб гўяд. Ў бояд мустақилона роҳу равиши зиндагии хешро интихоб намояд. Баъдан ҳеҷ кас панду андарз намедиҳад ва касе барои дониш омўхтан ташвиқот намебарад. Худи системаи таълим ҳамин хел ба роҳ монда шудааст, ки агар меҳнат накунӣ, ба ҷое намерасӣ. Ба муаллим пул дода аз имтиҳон гузаштан ин ҷо кори хандаовар менамояд. Донишҷў ҳавасманд аст, ки ҳарчи бештар аз дониши муаллим истифода барад. Барои мактабиён хеле муҳим аст, ки дар мактаб дониши хуб гиранд. Ҳам барои мактабҳои хусусӣ ва ҳам барои мактабҳои давлатӣ талабот хеле сахт аст.
Дар он рўзе ки мо дар Вашингтон ба китобхонаи Конгресси миллӣ рафтем, дидем, ки як гурўҳи хеле бузурги мактабиён бо волидайнашон дар даст шиорҳо бо матни «Мо дар мактабҳои хуб хондан мехоҳем» ба намоиши эътироз баромада буданд.
Баъдан мушоҳида кардем, ки гурўҳи махсуси полисҳо барои бехатарии мактабиён дар кўчаҳои назди мактабҳо мутасаддӣ таъйин шудаанд. Мошинҳои махсус кўдаконро ба мактаб меорад ва баъди дарс ба хона мебарад. Аз синфи 8 хонанда ҳуқуқ дорад, ки бо мошини худаш ба мактаб равад. Дар назди мактабҳо, донишгоҳҳо ва тамоми муассисаҳои дигар ҷои нигоҳдории мошинҳо ба қайду шартҳои махсус вуҷуд дорад.
Аммо агар дар Вашингтон ҳама бо мошинҳои шахсии худ аз ҷое ба ҷои дигар раванд, дар Ню-Йорк мошинҳо ба дараҷае зиёд ва роҳҳо танганд, ки ҷои мошингузорӣ нест, бинобар ин, шаҳрвандон бо мошинҳои ҷамъиятӣ ё таксӣ дар дохили шаҳр ҳаракат мекунанд, ҳарчанд қариб ҳама мошинҳои шахсӣ доранд (бо маоши тақрибан думоҳаи муаллим ё духтур ин ҷо мешавад мошини хуб харид). Амрикоиҳо маъмулан рўзҳои шанбеву якшанбе барои истироҳат беруни шаҳр мераванд. Агар дар Вашингтон дар назди ҳар хона 2-3 мошин истад, дар Ню-Йорк мошинҳо ғолибан дар таҳхонаҳои бузург гузошта мешаванд.
Шояд ин масъала таваҷҷўҳи маро намекашид, агар дўстон дар Вашингтон онро таъкид намекарданд.

пешина
аз 500
навбатӣ