Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қарор шуда буд, ки берун аз барнома рўзҳои истироҳат чанд нафар, аз ҷумла Низомиддин Муродӣ, Бахтиёр ва ман ба сайри Ню-Йорк равем. Ҳолдонҳо гуфтанд, ки тавассути роҳи заминӣ мешавад, ки дар чаҳор соат то он ҷо расем, вале чун бо мошини шахсӣ ба сабаби троффики вазнини роҳҳо наметавон вориди Ню-Йорк гардид, зарурати бо автобус рафтан пайдо шуд. Мо пешакӣ худро ба азияти роҳ омода кардем, вале чун ба автобус ворид шудем, дидем, ки он ҷо ҳама шароити зарурӣ барои истироҳат муҳайёст.
Чаҳор соат дар як они воҳид гузашт ва мо худро дар бузургтарин шаҳри ҷаҳон дар миёни пурҳашаматтарин биноҳои осмоншикоф дарёфтем. Шаҳомати ин биноҳо ба андозае бузург ва чашмхиракунанда буд, ки беихтиёр ҳар замон боло менигаристем ва моту мабҳут мемондем.
Шоми ин шаҳр боз ҳам пур аз ҳаёҳу, чароғҳову рекломҳои бузург ва хеле пуродам буд, ки дар баъзе ҷойҳо барои роҳ гаштан маҷбур будӣ, ки дар навбат истӣ ё бо қувваи даст барои худ роҳ кушоӣ. Аз ин ҷиҳат миёни Вашингтон ва Ню-Йорк тазод ба мушоҳида мерасад. Вашингтон хомўшу орому камодам ва мардум аз ҳад зиёд боадабу меҳрубон, Ню- Йорк бошад, пурҳашамату пурсадову пуродам.
Дар Ню-Йорк ҷолиб он буд, ки дар аксари биноҳо табақаи 13 вуҷуд надорад, зеро амрикоиҳо ба ҳар гуна хурофот бовар мекунанд, бинобар ин, аз шумораи 13 меҳаросанд.
Дар Амрико меҳнати ҷисмонӣ кам аст, аксари корҳоро таҷҳизоти мухталиф ба сомон мерасонад, ки аз як тараф хеле хуб аст, зеро вақт ва қувваро сарфа менамояд. Аммо, аз ҷониби дигар, кўшиши ҳарчи камтар кори ҷисмонӣ кардан ва истеъмоли ғизои ғайритабиӣ аксари шаҳрвандони ин кишварро аз ҳад зиёд фарбеҳ кардааст. Ҳатто аз тариқи телевизион ҳам тамоми шабонарўз ба воситаи шабакаи махсус тарзи тайёр кардани ғизо, роҳҳои истифодаи дастгоҳҳои таҳияи ғизо, буридани гўшту сабзавот, ороиши миз, истеъмоли хўрокро нишон медиҳанд, ки баъзан гумон мекунӣ, инҳо танҳо ба хотири хўрдан зиндагӣ доранд. Бинобар ин, қариб ҳамаи амрикоиҳо бо варзиши ҷисм машғуланд ва дар кўчаҳо медаванд.

пешина
аз 500
навбатӣ