Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зуд-зуд марафонҳои махсус ташкил мекунанд.
Дар Вашингтон биноҳо осмоншикоф нестанд, гўё қароре ҳаст, ки мувофиқи он барои аз бинои Капитолия баландтар сохтани иншоот ё хона иҷозат нест. Роҳҳои Вашингтон хеле ҳамвору тоза ва пуропур аз мошинҳои гуногунтамға аст. Аҷаб, ки ягон мошини чангзеркарда ба назар намерасад.
Ду ҳафта, ки ин ҷо мондем, бовар кардем, ки хеле шаҳри тоза аст: дар кўчаҳо мегардӣ ва боре ҳам зарурати тоза кардани кафшҳо пайдо намешавад. Барги дарахтҳо тозаву беғубор ва қад-қади роҳ гулҳои рангоранг шукуфтаанд ва чунин ба назар мерасад, ки гўё ҳамин ҳозир касе гулбаргҳоро шустааст. Ҷо-ҷо сабзаҳои тар рустаанд ва санҷобакҳои чобук рўи сабзаҳо ва шохаҳои дарахтон ҷасту хез доранд. Онҳо аз одам ҳарос надоранд, ки шояд нишони меҳрубонии одамони ин диёр ба ҳайвоноту паррандагон бошад. Зимнан, бояд гуфт, ки дар кўчаҳои Вашингтон сагҳои зиёд бо соҳибонашон сайру гашт доранд ва баъзе сагчаҳо дар тан либоси махсус ҳам пўшидаанд ва бино бо маълумоти роҳбалади мо сагҳо ин ҷо дарзӣ ва машшотаҳои худро доранд.
Дар Ню-Йорк, вақте аз назди мағозае мегузаштем, дар паси шишаҳои бузург дидем, ки рўи хасҳои нарм якчанд сагчаҳои хурдҷусса бо ҳам бозӣ мекунанд. Роҳбалади мо гуфт, ки ин ҷо фурўшгоҳи махсуси сагчаҳост ва онҳо хеле серхаридоранд, зеро дар Амрико гоҳе сагу гурбаро мисли фарзанд дўстдорӣ мекунанд ва бо худ дар мошинҳо шинонда ба сайру гашт мебаранд. Сагу гурба узви комилҳуқуқи оила ҳастанд.
Дар воқеъ дар мағозаҳо ҳам мушоҳида кардем, ки барои сагу гурба рафҳои махсуси хўрокворӣ, ки садҳо номгўи ғизоро дар бар мегирад, собуну шампун, зарфҳои гуногун барои сарфи ғизо ва шустушў, асбобҳое аз қобили шонаву қайчӣ ва ғайраву ҳоказо мавҷуданд.
Як чизи дигари қобили таваҷҷўҳ он буд, ки дар Вашингтон тамошои ҳамаи музейҳо барои тамошобинон бепул аст.
Мардум бо камоли шавқу рағбат ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои зебои санъату фарҳанг, масалан, бинои Капитолия, китобхонаи Конгресс, ёдгораи Линколн, қасри Сафед, шаҳраки Хитой, боғи ботаникӣ, музеи санъат, музеи таърих, музеи ҷуғрофия, намоиши ҳунари рассомон ва ғайра мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор