Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва дар ҳама ҷо ба онҳо бо табассум «хуш омадед»
мегўянд ва барои камтарин халал ба оромишашон узр мепурсанд.
Зоҳиран дар ин кишвар касе асабонӣ нест, дар шадидтарин ва ҳассостарин лаҳза ҳам касе дод намезанад, муомилаи лутфомез ин ҷо ба ҳукми одат даромадааст.
Нуктаи дигар он аст, ки дар ин кишвар ягон зан ба чангу ғубор ғўтида кўча намерўбад ва лойи ҷўйборро тоза намекунад. Барои ин кор мардҳо чангкашҳои бузургро истифода мебаранд. Тирезаҳоро ҳам бо кўмаки кранҳои махсус ва таркибҳои кимиёӣ бидуни заҳмати зиёд мардҳо тоза мекунанд.
Сафари мо то рўзи 13-уми декабр давом дошт ва мардуми Амрико ба зодрўзи Исои Масеҳ омодагӣ мегирифтанд.
Дар ин шабу рўзҳо амрикоиҳо бештар ба сайри шабона, инчунин ба бозор мерафтанд, зеро дар арафаи идҳо дар тамоми мағозаву бозор қимати амвол то 50-70 фоиз камтар мешавад, ки ин ҳам як воситаи кўҳна нашудани мол дар фурўшгоҳҳо ва ҳавасманд кардани харидор аст. Дар арафаи иди Соли нав тамоми дарахтҳо ва хонаҳо бо арчаҳо ва чароғакҳои рангоранг ороиш дода шуда, мардум бо ҳамсояҳои худ барои ороиши беҳтарин гўиё мусобиқа мекунанд. Шабонгоҳ дар рўи ҳавлиҳо ва боғҳо саҳнаҳову лаҳзаҳо аз рўзгори Исои Масеҳ бо симҳои электрикии нурафшон таваҷҷўҳи одамонро ба худ мекашад.
Сандуқчаҳои мусиқидор оҳиста бозу баста мешаванд, оҳучаҳо сари худро ҳарсў ҷунбонида дар боғҳои афсонавӣ сайру гашт мекунанд. Ҳақиқат ва афсона ба ҳам дармеомезад.
Бешак, он чи мо дидем, хулосаи як назари хеле сатҳӣ ва шитобзада ба ду шаҳри бузурги Амрико буд.
Соли 2006

пешина
аз 500
навбатӣ