Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАРСИ ҲАКИМОНИ ФАРАНГ

Хирад афзуд маро дарси ҳакимони Фаранг,
Сина афрўхт маро сўҳбати соҳибназарон.
Иқбол

Маъмулан зери вожаи «Фаранг» Аврупоро дар назар доранд ва байти мазкури аллома Иқбол низ мустасно нест.
Оё касе ҳаст, ки бо шеъри суханварони бузурги Машриқ Фирдавсиву Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Иқбол парвариш ёфта, дидани зодгоҳи нобиғагони Ғарб Шиллеру Байрон, Гётеву Гейне, Балзаку Гюгоро дар дил напарварад? Мо ҳам ба умеди фаро расидани соати саодати дидор бо ҳамватанон ва пасовандони ин бузургони адаби Мағриб будем. Ниҳоят он соат фаро расид. Нону насиб моро аз соҳили Сайҳун то соҳилҳои уқёнуси Атлантик ва Элбаву Сена бурда, сад шукр, ки бо кўлбори хотироти ширину гуворо ба ватан бозовард.
Сафари мо, ки қариб 40 рўз идома дошт, аз шаҳри Сантяго де Кампастела шурўъ шуд. Ҳавопаймои «Эабалтик» сараввал моро ба Рига, аз он ҷо то Барселона расонд ва мо бо тайёраи дигар ба шаҳри Яъқуби Муқаддас парвоз кардем.
Дар ин шаҳр семинари омўзишӣ тибқи барномаи Темпус дар назар буд, ки ба масоили сифати таълим дар макотиби олӣ иртибот дошт. Семинар махсус барои устодони донишгоҳҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тарҳрезӣ шуда буд ва аз ҳар ҷумҳурӣ 5 нафарӣ дар он ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон ба ғайр аз муаллифони ин сатрҳо ректори Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, профессор Шарипов М., мудири шўъбаи сифати таълими Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дотсент Мақсудов Х., ноиб-ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Офаридаев Н. шомил гашта буданд. Ҳамсафарони ҳамватан, ки яке ҷавонмардиву саховат, дигаре раҳнамоӣ ва севумӣ хайрхоҳӣ аз фазилатҳои шахсиашон буд, мушкилоти ин сафарро то тавонистанд, барои мо сабуктар карданд.
Шаҳраки озодаи Сантяго, меҳмонсарои хуштарҳу муҷаҳҳази
8 Ҳаммуаллифи мақола профессор У.Ғаффорова.

пешина
аз 500
навбатӣ