Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

чаҳорситора, забони зебои испонӣ, гулҳои муаттару шодоби айвонҳои хонаҳои мардум аз рўзи аввал таассуроти нотакроре боқӣ гузоштанд. Тибқи барнома мутахассисону профессорони донишгоҳҳои Аврупо, аз ҷумла макотиби олии Финляндия, Полша, Испания, ҳамчунин сарварону кормандони маркази давлатии кафолати сифат ва аккредитатсияи вилояти Галисияи Испания ACSҒG – низоми дохилӣ ва хориҷии кафолати сифат ва аккредитатсияи мактабҳои олии Аврупоро ба мо шарҳ доданд. Барнома хеле пурбор ва андак хастакунанда буд, ки онро бо сайру тамошои шаҳр рафъ мекардем. Шаҳри начандон бузург, ки дар сари теппаҳои баланду пасти он иморатҳо қад афрохтаанд, имрўз тақрибан 95 ҳазор ва якҷоя бо донишҷўён 125 ҳазор аҳолиро ба оғўши худ гирифтааст. Сантяго де Кампастела баъд аз шаҳрҳои Рим ва Иерусалим шаҳри севуми муқаддаси насронӣ ба ҳисоб рафта, ҳар рўз ҳазорон нафар ба зиёрати он меоянд. Ҳар кас садоқати мазҳабии худро исбот кардан хоҳад, риёзати сафарро таҳаммул мекунад ва ба калисои шаҳр, ба ҷое, ки тибқи ривоёт ҷасади Яъқуби муқаддас мадфун аст, меояд ва сар ба саҷда мениҳад. Шояд ҳамин нукта боис шуда, ки дар даромадгоҳи шаҳр муҷассамаи бузурги зоирро гузоштаанд, ки дар як даст кулоҳ ва дар дасти дигар асо дорад. Дар тамоми дўкону мағозаҳо низ самбули рамзии ин шаҳр – кулоҳу асо ва садафаки баҳрӣ ба фурўш гузошта шудааст. Тибқи ривоёт гўё дар асри ІХ дар ин шаҳр боқимондаи ҷасади Яъқуб-пайғамбарро пайдо карданд ва дар асри Х баъди тасарруфи шаҳр аз ҷониби Ал-Мансури араб, ки сарвати калисоро ба пойтахти худ Кордова кўчонд, қабри Яъқубро на танҳо бегазанд боқӣ монд, балки бо панҷараҳои мунаққаш иҳота карда, ба он посбонон таъйин гардиданд.
Дар таърихномаҳо Сантяго де Кампастеларо «шаҳри сангин» гуфтаанд, ки ба воқеият наздик аст. Аксари биноҳо, калисоҳо, ибодатгоҳҳо аз санги хоро ё биринҷӣ бо услуби романӣ ё барокко сохта шуда, шаҳр ба қасри мўҳташами сангин шабоҳат дорад. Манзараҳои дилпазири табиати нотакрори ин шаҳри озода, муносибати хайрхоҳонаи мардуми он ҷо, гулпарварӣ ва тарзи меъмории биноҳои шаҳр барои мо хеле писанд омад. Аз рўи гуфтаи сокинони он ҷо ин шаҳр ба нуқтаи ғарбтарини Ғарб хеле наздик будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор