Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар болои калисои Сантяго де Кампастела ноқуси бузурге мавҷуд аст, ки садои зангўлаи он то 15 км мерасад.
Ёдгориҳои таърихиву меъмории ин шаҳр ба ҳам хеле наздиканд. Бинои маъмурии донишгоҳ низ, ки қариб 600 сол боз вуҷуд дорад, дар назди Калисои бузурги Сантяго де Кампастела ҷойгир аст. Дар ин бино рўзи охирини машғулиятҳои семинар раёсати донишгоҳ моро пазироӣ кард ва дар рафти сўҳбат маълум шуд, ки баъд аз донишгоҳи Саламанка донишгоҳи Сантяго беҳтарин мактаби олии Испания будааст. Онсўтар ду дайри машҳури Сан-Мартин Пинарио ва Сан-Пелайо, ибодатгоҳи Санто Доминго де Бонавал, ки шоира Росалия де Кастро он ҷо мадфун аст, ба назар мерасад. Дар қисмати қадимии назди калисои бузург, ки майдони сангфарши васеъ аст, ҳаракати мошинҳо манъ шудааст. Аз канорҳои майдон дар ду бари кўчаҳои борики қадимӣ дўкону тарабхонаҳои бешумор ҷойгир шудаанд ва назди дари ҳар тарабхона ходимон дар рўи лаълиҳо анвои ҷонварони баҳриро ба ҳазор навъ пухта, ҳар раҳгузарро, гўё танҳо ўро тамоми рўз интизор бошанд, даъват мекунанд. Дар аквариумҳои бузурги паси тирезаҳои тарабхона харчангу сангпуштҳои обӣ, мору хорпуштҳо ва ҳаштпову калтакалосҳои баҳрӣ интизори соати ҳукми худ ҳастанд, зеро ҳар харидор метавонад, яке аз онҳоро ғизои худ интихоб кунад ва таббох дар пеши назараш ҷонварро ба ў пухта медиҳад.
Аз уқёнус дур набудани шаҳр имкон медиҳад, ки ҳавзчаҳои шишагӣ ҳамеша пури ҷонварони нодири баҳрӣ бошанд.
Дар қад-қади роҳ оҳангнавозон навоеро иҷро мекунанд ва шаҳри қадими сангин пур аз танини дилошўби оҳангҳои испанӣ мешавад.
Ба уқёнус наздик будани шаҳрро фаҳмида, мо дар рўзи истироҳат ба ҷониби шаҳри Коруния майл кардем. Қатораи озодаи нармкурсӣ дар тўли тақрибан як соат моро ба ин шаҳри бандарӣ расонд ва мо аз паҳнои уқёнус, қудрати мавҷҳои пурталотуми он, ки ба побўсии зоирин омада, бошитоб бармегаштанд, ангушти ҳайрат ба лаб сокит мондем. Ҳаваси баромадан ба болотарин зинаи қалъаи назди соҳил, ки Геркулес ном дошт, водор намуд, ки заҳмати ҳазор зина боло кашидани ҷуссаҳои худро таҳаммул кунем ва ба қуллаи мурод расем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор