Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин баландӣ паҳнои беканори уқёнус шаҳомати бештар ва зебоии шигифтовар пайдо мекунад.
Ҳадафи дигари сафари мо ба Аврупо коромўзӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз рўи барномаи DAAD буд. Тақрибан як моҳ қабл аз сафар Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон хонум Дорис Ҳертрампф ғолибони озмуни барномаи DAADро ба Душанбе даъват намуд. Маълум шуд, ки аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд имсол 3 нафар устоди донишгоҳ ва 4 нафар донишҷў аз ҷониби сафорати Олмон даъватнома гирифтанд ва ҳар кас тибқи барнома мебоист мустақилона тарҳи сафар кашад. Мо сафари худро пас аз семинари Испания ба нақша гирифтем. Ҳамин тавр, сафар андар сафари Фарангистон ба вуқўъ пайваст.
Аз Сантяго ба Мадрид ва аз Мадрид ба самти Берлин парвоз кардем. Дар фурудгоҳи Тегели Берлин моро дўсти қадрдонамон Александр Хайзер, ки зимнан ин сафари мо бо ҳидояту даъвати ў ба амал пайваст, пешвоз гирифт. Собиқ устоди донишгоҳи Хуҷанд, хатмкардаи донишгоҳи Санкт-Петербург, номзади илмҳои филологӣ, муҳаққиқи робитаҳои адабии Шарқу Ғарб Александр Хайзер 12 сол аст, ки муқими Берлин шудааст, аммо муҳаббат ва садоқати худро ба сарзамини Тоҷикистон ва мардуми он ҳифз мекунад. Аз соли 2001 ў сарвари Анҷумани тоҷикону олмониён буда, ҳамасола чандин чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ бо иштироки олимону шоирон ва ҳофизону оҳангсозони ду кишвар баргузор менамояд.
Ҳамсараш Наталия Султонова табиб аст, вале бо вуҷуди гирифториҳои зиндагӣ ҳамроҳи шавҳараш сайъ мекунад, ки бо тоҷикон робитаҳо қавитар бошанд, расму оини ин миллати бузург дар Аврупо муаррифӣ шавад, тоҷиконро бо тамаддуни нотакрору қадимиашон дар Олмон шиносонад.
Александр ва Наталия он шаб ва чанд бори дигар заҳмати пазироии моро ба дўши худ гирифтанд, оини меҳмоннавозии тоҷикиро бо тамоми назокаташ ба ҷо оварда, моро мадюни меҳрубониву навозиши худ намуданд, ки дар Ғарб аслан ин усул марсум нест.

пешина
аз 500
навбатӣ