Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Роҳбаладӣ дар шаҳр, ҷойгир кардани мо дар меҳмонсаро, ташкили мулоқотҳо – ин ҳамаро Хайзер ба ўҳда гирифта, чанд нафар ёварони худ – Толиби Комилиёр – тоҷики афғонистонӣ ва Шерзод Бурҳонов – донишҷўи тоҷикистонӣ, абераи шоири маъруф Абдулвоҳиди Мунзимро низ ба мо роҳбалад таъйин кард. Вагарна бо он аҷзе, ки дар дониши забони олмонӣ доштем, мушкилоти зиёде пайдо мекардем.
Дар манзили Александру Наталия муҳит тоҷикона аст.
Дар девор амали рассомони тоҷик, аз ҷумла Нодир Камолиддинов, ки алъон муқими Олмон аст, сўзаниҳои пурнақши тоҷикӣ, дар рафҳои ҷевон кўзаву обдаста, табақу пиёла, тоқӣ, рўймол ва ғайраро ҷой додаанд. Аммо ин ҳама хўшае аз гўшаест. Музеи тоҷикон дар Анҷумани тоҷикону олмониён аст, – мегўяд Хайзер. Дар сари сўҳбат чашмҳои мо ба сўи оинаи нилгун буданд. Даҳҳо сабти навор яке дигарро иваз мекард ва мо аз фаъолияти пурдоманаи анҷуман огоҳ мешудем. Иди Наврўзу Меҳргон, ҷашни солгарди шоирон, фестивалу консертҳо бо иштироки тоҷикон ва олмониён хонаводаи Ҳайзерро чун посдорони содиқи суннатҳои миллӣ муаррифӣ мекунад. Хоҳари Хайзер мусиқишинос Эрна ва шавҳараш бастакори маъруф Фирўз Баҳор низ бо анҷуман ҳамкорӣ доранд. Хуб аст, ки дўстони ҷавон дар атрофашон гирд омадаанд. Толиби Комилиёр ба хотири ҳамзабониву ҳаммиллатӣ чандин рўзи худро барои мо сарф кард ва ба қавли шоир «аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт». Дилаш ба ёди Ватан гум мезад. Аз Афғонистон буд, вале Тоҷикистонро ватани худ мепиндошт.
Шерзодхон Бурҳонов ба мисли бобокалонаш, ки замоне дар Олмон таҳсил кардаву гурўҳи ҷавононро низ барои таҳсил овардааст, моил аст, ки ба ҳамватанони ҷавонаш барои таҳсил дар Олмон кўмак кунад.
Дар Олмон дар донишгоҳи Гумболдт Барнохон Орипова низ дарс мегўяд. Собиқ корманди донишгоҳи миллӣ, донандаи хуби забони олмонӣ ба донишҷўён роҷеъ ба Осиёи Марказӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ дарс мегўяд. Инсони хеле хоксору меҳрубон аст, ки хоҳарона ба мо меҳру навозишро дар ғурбат арзонӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор