Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Инак, дар Берлин мо дар маҳалли Шпандау ҷойгир шудем ва рўзи дигар ба Музеи исломӣ равона шудем. Аз рўи мувофақаи қаблӣ моро раиси музей, исломшиноси маъруф, доктор Стефан Вебер пазироӣ намуд, ки муаррих ва шарқшинос буда, чанд сол ба ҳайси сарвари Институти тадқиқоти исмоилии Лондон низ фаъолият бурдааст. Аз сўҳбати самимии ў ба забони англисиву арабӣ дарёфтем, ки ў арабшиносу исломшиноси донишманду варзида ва инсони ҳалиму меҳмоннавоз будааст. Ў чун мушовири илмӣ ваъда кард, ки барои амалӣ гаштани барномаи мо тамоми шароити заруриро фароҳам меорад ва барои баргузор шудани мулоқоти корӣ бо мутахассисону масъулини марказҳову муассисаҳои таълимиву илмиву фарҳангӣ мусоидат менамояд. Сипас бо супориши ў яке аз кормандони музей моро барои тамошои Музеи исломии Берлин раҳнамоӣ намуд ва мероси гаронбаҳои тамаддуни арабӣ-исломиро, ки дар шаклҳои мухталифи осори хаттиву рассомӣ ва меъмориву ҳунармандӣ дар музей ба намоиш гузошта шуда буд, бо шарҳу тавзеҳоти мукаммал муаррифӣ кард. Дар ин музеи мўҳташам мо толорҳои марбут ба тамаддуни Эрони бостон ва фарҳанги давраи Сомониёнро бо ҳисси ифтихор муоина намудем.
Рўзи дигар мо ба Китобхонаи давлатии Берлин обуна шудем ва кори худро дар шўъбаи дастхатҳои шарқӣ шурўъ намудем. Ин китобхона аз соли 1661 дар Берлин фаъолият дорад ва зиёда аз 10 миллион китоб дар он маҳфуз аст. Дар миёни арзишмандтарин китобҳои он «Забури Людвиги Олмонӣ» (асри ІХ), «Китоби ҳикматҳо» (асри III), матни буддоии асри VIII-и ҷопонҳо «Хякуманту Дорони», дастхати хеле нафиси «Девони Ҳофиз» (1560) ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд. Мақсади мо аз ин сафар ошноӣ бо дастнависҳои арабиву форсӣ дар Китобхонаи давлатии Берлин буд. Дар муддати як моҳ мо ҳар рўз дастнависҳои арабиву форсӣ супориш медодем, ки дар миёни онҳо тазкираҳои хеле нодир ва нусхаҳои нафиси девонҳои шуарои форсу тоҷик зиёд буданд. Маъмулан ҳар хонанда дар як рўз барои супориш ва гирифтани се дастхат ҳуқуқ дошт. Муносибати ходимони шўъба ба китоб моро дар ҳайрат гузошт ва хеле муассир кард. Дар толори мутолиаи дастхатҳо ҳамагӣ барои 12 нафар ҷои нишаст мавҷуд аст ва девори шишагӣ онро аз толорҳои дигар ҷудо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор