Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Яъне, агар дар матни асл сухан дар бораи «ёди ёр» (маъшуқ) равад, дар тарҷума ҷои онро «ҷон» (ошиқ) гирифтааст ва, ҳамин тариқ, мубтадо ва пуркунанда ҷойҳои худро иваз кардаанд.
Дар тарҷумаи С. Липкин низ кўшиш шудааст, ки шакли зоҳирии шеър, аз ҷумла радиф нигоҳ дошта шавад:
Плещет, блещет Мулиён меня зовет, Та, в которую влюблен, меня зовет.
Ин тарҷумон радифи «ояд ҳаме»-ро «меня зовет» тарҷума кардааст. Дар ду мисраи аввал ба радифи мазкур эроди ҷиддӣ нест, вале дар абёти дигар, ба матн мувофиқ наомада, боиси тағйир ёфтани матлаби шоир шудааст. Мутарҷим ба хотири риояи радиф маҷбур шудааст, ки хеле маъниҳоро тағйир диҳад ва аз худ бофад. Мисраҳои «Трудный брод, зеленый склон меня зовет» («Зери поям парниён ояд ҳаме»), «Там Джейхуна слышен стон, меня зовет» («Хинги моро то миён ояд ҳаме»), «Что луною озарен меня зовет» («Моҳ сўи осмон ояд ҳаме»), «Листьев шум, пернатый звон меня зовет» («Сарв сўи бўстон ояд ҳаме») даъвои моро дар бораи аз асл дур будани маънӣ собит мекунанд.
Дар тарҷумаи И. Селвинский, хусусан дар ду мисраи аввал мувофиқати зарбу оҳанги матни асл ва тарҷума ба назар мерасад.
Ветер, вея от Мульяна, к нам доходит Чары яр моей желанной к нам доходят.
Дар матни тоҷикӣ такрори садоҳои «ў», «о (ё)», «я» дар тарҷума бо садоҳои мукаррари «е», «я (а)», «о» иваз шудаанд ва зада низ дар калимаҳо ба ҳамин овозҳо фаромада, савти дилнишине эҷод менамояд. Хусусан, оғози мисраъҳо: «ветер вея» ва «чары яр» хеле зебову хушоҳанг ба русӣ садо медиҳанд.
Дар байтҳои дигар низ мутарҷим аз матни асл дур нарафта, бо эҷоди қофияи дувуми радифмонанд: доходит, доходят, подходит, доходит, приходит, восходит матлаби шоирро ба русӣ баргардонидааст. Ин навъ радиф, ҳарчанд ки комил нест, дар ғазали мазкур ба сифати омили муҳими таъмини рўҳияи умумӣ ва зарбу оҳанги шеър хидмат кардааст. Бо вуҷуди он ки дар ин тарҷума низ ихтироъҳое, аз қабили «яблоневый сад» (ба ҷои «бўстон»), «венчанная» (Бухора), «небо раннее», «смело в воду!», «белоснежные скакуны» (ба ҷои «хинг») ворид шудаанд, дар маҷмўъ ҳадафи шоир, мўҳтавои шеър, зарбу оҳанги он, вожаву таркиботи калидӣ ҳифз шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё