Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Тарҷумаи М. Синелников низ бо бозгўи назокати сухани Рўдакӣ имтиёз дорад. Ин мутарҷим беҳтар аз се нафари дигаре, ки даст ба тарҷумаи ғазали мазкур задаанд, муваффақ шудааст, ки мўҳтавои матни тоҷикиро ҳифз намояд. Чунончи, ҳамон байти матлаъ:
Боди ҷўи Мўлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме ба русӣ хеле мавзун баргардон шудааст:
Мулияна вдруг повеяла волна,
Мне любимую напомнила она.
Дар матни тоҷикӣ маҳз ҳамин маънӣ – расидани насим аз ҷўи Мўлиён ва беихтиёр ба ёд омадани ёри меҳрубон дар назар буд. Дар тарҷума вожаи «вдруг» барои таъкиди маънии мазкур ворид шудааст, ки бо вуҷуди адами ин вожа дар матни асл, ба баёни дурусти матлаби шоир мусоидат кардааст. Дар байтҳои дигар низ мутарҷим дар қиёс бо ҳампешагонаш мисраву таркибҳо ва калимаҳои зеринро беҳтар тарҷума кардааст:
«Зери поям парниён ояд ҳаме» – «Так парча ложится под ноги нежна».
Аз нишоти рўи дўст – «встрече радуясь».
Шодмон ояд – «едет радостно».
Мир сарв аст – «царь – высокий кипарис».
Вожаи «сарв»-ро мутарҷимони дигар «тополь» (Бону, Селвинский) ва «платан» (С. Липкин) навиштаанд, ки ба тоҷикӣ сафедор ва чинор мешавад.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки аз миёни тарҷумаҳои ғазали мазкур тарҷумаҳои И. Селвинский ва М. Синелников ба шеъри Рўдакӣ наздиктар буда, асолати матнро бехтар ҳифз намудаанд. Аз ин ду тарҷума тарҷумаи И. Селвинский бо риояи қавоиди ғазал – ҳифзи радиф имтиёз дорад, аммо М. Синелников муодилҳои беҳтари русиро барои баргардони вожаву таъбирҳо пайдо кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё