Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар яке аз охирин навиштаҳо – асари устод Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ «Хаёмӣ ё Хайём» низ ин масъала ба миён гузошта шудааст ва ба фикри ин муҳаққиқ, имрўз чаҳор Хайёмро мешиносем, «ки яке аз онҳо Ҳаким Умари Хайёми файласуф ва риёзидони машҳури Шарқу Ғарб аст ва дигаре Ибни Халафи Хайём – шоири порсигў аст, ки як қитъаи арабӣ аз ў дар даст дорем». Севум, Хайёми маҷҳули нависандаи «Ҷомеъ-ут-таворих» ва «Тазкират-ул-мулук» аст ва ҳеҷ гуна мазияти илмӣ ва адабӣ надорад.
Хайёми чаҳорум – Умар ибни Муҳаммад Хайёми Астарободӣ аст, ки Ёраҳмади Рашидӣ 550 рубоии ўро, бино ба феҳрасти чопи комили «Тарабхона», ки ахиран ба эҳтимоми оқои Ҳумоӣ сурат гирифта, дар маҷмўаи «Тарабхона» ба ҳасби мавзўъ мураттаб кардааст.
Барои мо ин нукта муҳим аст, ки Хайёми рубоисаро ҳамзамони Маҳастӣ будааст ва мувофиқи ахбори баъзе сарчашмаҳои қадимӣ, ин ду тан дар зиндагӣ бо ҳам шинос будаанд. Чун қиёс беҳтарин василаи шинохти шеъру шоир аст, муҳаққиқон гоҳе шеъри Хайёмро бо Маҳастӣ қиёс карда ва баъзеҳо ҳатто гуфтаанд, ки «ҳеҷ кас рубоиро мисли Маҳастӣ насохтааст, ҳатто Хайём».
Дар ҳунари рубоисароии Маҳастӣ воқеан шубҳае намемонад, агар танҳо 1-2 рубоии хуби ўро ба ёд орем:
Хат бин, ки фалак бар рухи дилхоҳ набишт, Бар гул рақаме бунафша бегоҳ набишт.
Хуршед ба бандагиш медод хате, Коғаз магараш набуду бар моҳ набишт.
Чашмаш чу бар он орази гулгун афтод, Дил низ зи роҳи дида берун афтод.
Ин гуфт манам ошиқу он гуфт манам, Филҷума миёни чашму дил хун афтод.
Онҳое, ки бо сабки Хайём ошно ҳастанд, бегонагии рубоиёти фавқро ба силки шоирии ў зуд эҳсос мекунанд. Мусаллам аст, ки Хайём бештар рубоиёти иҷтимоиву фалсафӣ мегуфт.
Ба қавли А. Турсунов «Мавзўи асосии минётураҳои муназзами Хайём, ба ҷуз тазоди неку бад, ки аз мавзўъҳои анъанавии назми классикии ҷаҳонист, таносуби озодии ирода ва тақдири инсон, рўзгори кўтоҳи одамӣ ва бақои абад мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё