Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Танқиду мазаммати ақоиди дини рошидӣ дар боби охират, муқобалаи гуфтори қалбакии рўҳониёни мусулмон, муқоисаи «холисона»-и неъмати нақди «ин дунё» ва маишати насяи «он дунё»
ҳам аз мавзўъҳои суннатии ашъори ўст».
Доираи мавзўоти рубоиҳои Маҳастӣ васеътар аст. Дар ашъори Маҳастӣ рубоиёти фалсафӣ камтар буда, мавзўи ишқ мақоми бештаре дорад. Зиёда аз ин, як қисми ашъори Маҳастиро шаҳрошўб ташкил додааст, ки дар маҷмўаҳои Хайём ин навъи шеър ба назар намерасад. Бо вуҷуди тафовути равшан миёни рубоиёти Маҳастиву Хайём ҳамоҳангӣ низ ба мушоҳида меояд. Баъзе рубоиҳои ин ду нафар ба ҳам махлут шудаанд ва ё ба номи дигаре омадаанд. Чунончи, рубоии зеринро дар маҷмўаҳои ҳар ду мебинем:
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом, Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.
Моем дар ин гунбади фирўзарухом, На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.
Ба фикри мо, ин рубоӣ офаридаи килки Маҳастӣ нест ва иштибоҳан ба ў нисбат дода шудааст. Ибораҳои «марди ҳалолему», «марди ҳаром» ба мард будани муаллифи ин сутур ишора мекунанд ва, гузашта аз ин, чунин маншаи хайёмӣ дар ашъори Маҳастӣ мушоҳида нашудааст. Як рубоии дигар, ки низ аз номи Маҳастӣ омадааст ва аз рубоии Хайём тафовут дорад, ин аст:
Эй Пури Хатиби Ганҷа, панде бипазир:
Бар тахти тараб нишин, ба каф соғар гир.
Аз тоату маъсият Худо мустағнист, Доди дили худ ту аз маю дилбар гир.
Дар маҷмўаи Хайём ин рубоӣ ба тариқи зерин омадааст:
Аз гардиши рўзгор баҳре баргир, Бар тахти тараб нишину соғар баргир.
Аз тоату маъсият Худо мустағнист, Боре ту муроди худ зи олам баргир.
Муайян намудани мансубияти ин рубоӣ ба қалами яке аз шоирон, хеле душвор аст. Агар тасаввур кунем, ки рубоии фавқ аз Хайём аст ва Маҳастӣ бо каме дигаркунӣ онро моли худ кардааст, шояд хато кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё