Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Нуктаи ҷолиб он аст, ки Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, ки солҳо дар Кашмир зистааст, бисту як сол ҷаҳонгардӣ кардаву дувоздаҳ бор сафари ҳаҷ ба ҷой овардааст ва манотиқи мухталифи Эрон, Шибҳи Қора, Мовароуннаҳр, Сейлон, Тибет, мамолики Арабро дидааст. Дар яке аз сафарҳои худ ў ба Шероз низ омада, бо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мулоқот доштааст. Дар ин бора яке аз ёрон ва муридони Мирсайид Алии Ҳамадонӣ Сайид Ашрафи Ҷаҳонгир ибни Сайид Муҳаммад Иброҳими Симнонӣ, ки бо номи Ҷаҳонгард низ шўҳрат дорад ва аз сайёҳони бузурги олами тасаввуф ва сўфиёни машҳури Шибҳи қораи Покистон ва Ҳинд аст, дар китоби «Латоифи Ашраф»
хабар медиҳад. «Латоифи Ашраф» маҷмўаи гуфтори сўфии мазкур Сайид Ашрафи Ҷаҳонгир аст, ки бо Алии Ҳамадонӣ ҳамсафар буда, ба иттифоқ дар Шероз меҳмони Хоҷа Ҳофиз шудааст.
Ҳам аз ахбори ин сўфии номвар ва ҳам аз асари Мирсайид Алии Ҳамадонӣ маълум мешавад, ки ҳарду ҳазрати Хоҷа Ҳофизро орифи комил шинохта ва иродатманди ў будаанд.
Дар бораи «Муродоти девони Ҳофиз» ва аҳамияти он муаллифи пешгуфтори китоби «Аҳвол ва осору ашъори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ» менависад: «Шарҳи вай бар теъдоде аз ашъори Ҳофиз ва низ фарҳанге, ки барои мусталеҳоти девони вай пардохта ва ҳар ду низ бо диди орифона – дар навъи худ нахустин корест, ки анҷом шуд ва ҳарчанд маҳсули кори вай дар ин маврид як рисолаи мухтасар беш нест, вале аҳамияти шоёне дорад, зеро илова бар фазли тақаддум – шореҳ худ бо Хоҷаи Шероз муосир буда ва ўро мулоқот карда ва хоҳу нохоҳ бардошту шинохти ў аз Лисонулғайб ба воқеият наздиктар аст, то дигарон, ки қарнҳо баъд мезистаанд. Вежа он ки бардошти вай бо гузориши яке дигар аз муосирони Ҳофиз, ки низ вайро дидор карда, таъйид шавад, асари Сайид ҳамчунин аҳамияти Хоҷаро дар рўзгори ҳаёташ ошкор месозад, ки шахсияти баазамати Сайиди Ҳамадонӣ, ки зоҳиран аз Хоҷа солхўрдатар ҳам буд, бо он ҳама машоғил ва гирифториҳое, ки худ дошта, дар рўзгори ҳаёти Хоҷа ва ҳатто пеш аз ҷамъи девони вай ин рисоларо барои кўмак ба дарки ашъораш падид овардааст» (1, 8).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё